logo

сиёсат

РОҲНАМО. БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Ҷаҳони муосир замони пурпечутобест, ки бархӯрду мушкилоти азимеро ба дунбол дорад. Ва ҳар лаҳза ин бархӯрду муносибатҳо тағйирпазир буда, инсониятро пешорӯйи интихоби мушкил қарор медиҳанд. Дар ин замина, танҳо кишварҳо ва ҷомеаҳое бурд мекунанд, ки самти дуруст ва устувореро дар масири сиёсати дохиливу хориҷии худ интихоб кардаанд.
Ҳаёти чорякасраи кишвари соҳибистиқлоламон як давраи хоси таърихист. Тоҷикистони азиз дар ин замина зина ба зина марҳалаҳои мураккабу печидаро устуворона тай намуд. Муҳимтарин дастоварди ин давраи таърихӣ барои халқи тоҷик таҳкими пояҳои истиқлолияту ваҳдати миллист. Ин дастовард сармашқи тамоми кору талошҳои халқи тоҷик дар давоми даҳсолаҳои дигар хоҳад буд.
Мантиқист, ки оғози Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар партави ин истиқлолу ваҳдат мазмун пайдо намуд. Нодида гирифтани саҳифаҳои таърихӣ ва сабақ наомӯхтан аз он ҳеҷ гоҳе натиҷаи судманд надорад. Ин буд, ки дар оғоз Пешвои миллат ишора ба мушкилоти сиёсиву иҷтимоии давлати ҷавони тоҷикон намуданд, ки як замоне дар арсаи нобудиву фано қарор дошт. Яъне, кори Сарвари муаззами кишвар аз оғоз ба сулҳу ваҳдату созандагӣ рабт дошт ва ин хосияти амалаш то ҳанӯз дар ҳар қадам ҳувайдост. Рамзи бузурги Паём аз оғоз то анҷом ҳамин ваҳдату ҳамгироиву ободкориҳои миллат буд, ки онро аҳли ҷомеа ҷонибдор мебошад. Озодиву истиқлол дар Паём «неъмати бузурги миллат» баҳогузорӣ гашт ва даъват барои ҳифзу нигаҳдошти он муҷиби пойдории ин мулку сарзамину фарҳанг барои наслҳои минбаъда дониста шуд. Таъкиди Пешвои миллат бамаврид аст, ки халқҳову мардумони кишварҳои ҷангзада ҳеҷ гоҳ гунаҳкор намебошанд. Ҳамаи даҳшату ваҳшатҳои кишварҳои даргир бештар дар хориҷ тарҳрезӣ мешаванд ва баъдан бо ниқобҳои мухталиф вориди ҷомеаҳо мегарданд.
Ин таҷрибаи талхро халқи тоҷик як маротиба аз сар гузаронда буд ва хушбахтона, аз ин имтиҳони сангини таърих гузашт. Аммо натиҷаҳои даҳшатноки ҷангу низои таҳмилӣ боис ба он гаштанд, ки иқтисоду инкишофи ҷомеаи мо даҳсолаҳо ақиб монад. Дар меҳвари Паём ваҳдату худшиносӣ ва худогоҳию  ҳушёрии сиёсӣ чун рамзи асосиву созанда матраҳ буд. Ваҳдату рафоқат, ки дар заминаи он истиқлолу озодӣ таҳким меёбад, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо номида шуд.
Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолӣ фаромӯшнашаванда аст. Шарофати Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ буд, ки имсол он қадар иншооту корхонаву биноҳо ба истифода дода шуданд, ки назираш дар таърихи давлатдориамон вуҷуд надошт.
Имсол бо таъсири чанд омил баъзе бонкҳои кишвар ба мушкилоти молиявӣ дучор омадаанд. Ин ҳолат дар байни аҳолӣ ташвишу изтиробро ба амал овард. Аммо, вақте аз забони Пешвои миллат баён гашт, ки «…Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд» ин як муждаи эътимодбахш барои ҳар як сокини кишвар аст, ки алҳол хоҳу нохоҳ робитае ба низоми бонкӣ доранд. Яъне, низоми босуботи иқтисодӣ дар кишвар ба шаҳрвандон имкону кафолат медиҳад, ки дар мавриди пасандозу дигар робитаҳои молиявӣ бо бонкҳо ноумед набошанд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар икдомоти созандаву бунёдкоронаашон дар ҷомеа бо рӯҳбаландӣ истиқбол гардид ва дар роҳи расидан ба рӯзгори боз ҳам неку саодатманди мардуми кишвар роҳнамост.
Сангини ГУЛЗОД,
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2016    №: 259    Мутолиа карданд: 2054

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед