logo

сиёсат

ПАЁМ. АЗ ҚАРЗИ ВАТАНДОРӢ ТО ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Шариф ШАРИФЗОДА,раиси шаҳри Хуҷанд

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба замоне  рост омад, ки мо 25 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо ифтихори баланд ва дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ ҷашн гирифтем.
Пешвои миллат дар суханронии худ дар қатори дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим яке аз масъалаҳои мубрами замонро бардоштанд, ки ба мо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, сахт марбут аст ва дар иҷрои он моро месазад, ки меҳнат ва кӯшишҳои зиёд намоем. Сарвари давлат ба мо  лоиҳакашиву сохтмони биноҳои наву муосир ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технология ва асбобу таҷҳизоти муосир, ба истифодабарандагони неруи барқ ташвиқ кардани маърифати сарфаю сариштакориро вазифагузорӣ намуданд. Вазифаи дигари мушаххаси мо ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда мебошад. Пешвои миллат, барҳақ, гуфтанд: “Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.”
Боиси сарфарозист, ки  сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ҷавонон чун неруи созанда ва қудрати ҷомеа пазируфта шудаанд. Дар баробари ин, масъалаи маориф ва таълиму тарбия, ҳал намудани мушкилоти мавҷудаи ҷавонон, ҷалби онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқ, бо ҷои кор таъмин намудан, таъсиси марказҳои рушди ихтироъкорони ҷавону болаёқат ва соҳибистеъдодҳо аз самтҳои асосии фаъолияти давлат дониста шудаанд. Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 аз як ҷониб масъулияти мақомоти маҳаллиро дар тарбияи кадрҳои ҷавон, фароҳам овардани имкониятҳо барои фаъолияти фарохи онҳо баланд месозад, аз ҷониби дигар ба онҳо дар ҷодаи кору эҷод неруву илҳоми тоза мебахшад. Дар заминаи барномаи махсус амал кардан ва ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намудан дар оянда низ  вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб хоҳад ёфт.
Дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми кишвар инъикос ёфтааст. Қарзи ватандорӣ ва меҳанпарастии мост, ки дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат қадами устувор гузошта, баҳри анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ фаъолона иштирок намоем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2016    №: 259    Мутолиа карданд: 2205

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед