logo

сиёсат

ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ВИЖАГИҲОИ ДАҲСОЛАИ НАВРО ШАРҲ ДОД

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабр бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар робита ба қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 нишасти матбуотӣ доир гашт.
  
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии кишвар, дар ҳамоиш ба баъзе масъалаҳои вобаста ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015 рӯшанӣ андохта, вижагиҳои Даҳсолаи навро шарҳ дод. Хотирнишон сохт, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи A/RES/71/222 - ро зери унвони  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028  бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018 - 2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, дар Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об - 22  марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Зикр гашт, ки Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Мувофиқи Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”  як қатор масъалаҳои муҳим, назири рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳити зист; роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор; тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устуворро фаро мегирад. Гузашта аз ин, Қатънома аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо назардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизоӣ, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии кишвар, Қатънома масъалаҳои такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об; бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об; тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои обро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2016    №: 259    Мутолиа карданд: 2326

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед