logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Соли нави мелодии 2017, шаҳри Душанбе, 31 декабри соли 2016

Ҳамватанони азиз! Баъд аз чанд лаҳза соли 2016, ки дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди Ватани азизамон сабт хоҳад шуд, сипарӣ гардида, Соли нави мелодии 2017 фаро мерасад. Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистони азизамон оромиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, ҳамчун соли биступанҷумин солгарди озодиву соҳибихтиёрии Ватанамон барои хурду бузурги мамлакатамон воқеан таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неку созанда буд. Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини зебоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд. Доир ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимтарин, дастовардҳои сол ва нияту нақшаҳои нав барои соли оянда, ки, албатта, боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва пешрафти Ватанамон хоҳанд гардид, чанд рӯз пеш дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал изҳори андеша кардам. Дастовард ва рӯйдоди воқеан таърихӣ рӯзи 22 – юми декабр аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани Қатънома доир ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - 2018-2028 мебошад, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро беш аз 190 давлати дунё дастгирӣ кард. Қабули ин санади муҳим, ки чорумин ташаббуси кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, боиси боз ҳам тақвият ёфтани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Бо дарназардошти саҳми ҷавонони кишвар дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат мо соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намудем. Саъю талоши пайгиронаи ҷавонони даврони истиқлолият дар самти омӯзиши илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва риояи одобу ахлоқи ҳамида боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад. Бовар дорам, ки онҳо ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон, таъмини амнияти давлат ва шарафу номуси ватандорӣ боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, зеро ояндаи сарзамини биҳиштосоямон дар дасти онҳост. Вазъи ҷаҳони имрӯза, хатару таҳдидҳои рӯзафзун, масоили мубрами иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ ва ҳушёру зирак бошем. Мо бояд дар ин сол бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон дастҷамъона ва содиқона талош намоем. Зеро дастовардҳое, ки то имрӯз ноил шудаем, аз мо мебошанд. Мо бояд ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва аз имрӯза дида ободу пешрафта гардондани кишвари маҳбубамон софдилонаву пайгирона кӯшиш намоем. Хусусияти неки ҷашнгирии Соли нави мелодӣ ин аст, ки мардуми олам бо нияту орзуҳои нек ҳадафҳои нави созанда ва нақшаҳои ободгаронаи худро тарҳрезӣ менамоянд. Дар остонаи истиқболи Соли нави мелодӣ бо эътимоди комил изҳор медорам, ки Соли нави мелодии 2017- ум барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт. Соли нави мелодии 2017 – ум барои давлату миллати мо оғози марҳалаи нави рушд ва амалишавии нақшаҳои навин барои ояндаи ободу осуда маҳсуб мегардад. Боиси ифтихор аст, ки дар ин раванд мардуми бонангу номуси мо дар ҳифзи истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, ҷиҳати муаррифии шоистаи давлати тоҷикон ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳон саҳми ватандӯстона мегузоранд. Умедворам, ки Соли нави мелодии 2017 соли амалишавии орзуву мақсадҳои неки давлату миллати тоҷик мегардад ва мардуми шарифи мо дар ин Соли нав дар самти рушду пешрафт ва ободиву бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди кишвар, инчунин, кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави мелодии 2017 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хонаи обод, тандурустиву иқболи нек, файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям. Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 8043

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед