logo

фарҳанг

ВАҚТ ВА ЗИНДАГӢ

Гузаштани вақтро бузургони ҷаҳон бештар эҳсосу дарк кардаанду фаҳмидаанд. Аз ин рӯ, барои ҳушдори мо аз он дар ҳар давру замон гуфтаанд. Мақсад бедории мо, шинохти вақт аст, то ҳар лаҳзаи онро бо хушдилӣ бигузаронем ва дар оянда афсӯс нахӯрем. Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд, Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд, - мегӯяд Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ин бора рӯшану возеҳ изҳор медорад: Ҳар замон нав мешавад дунёву мо, Бехабар аз нав шудан андар бақо. Имануил Кант, ҳакими олмонӣ, гузаштани замонро чун арраи беовоз муаррифӣ кардааст. Бузургони мо сифати дигари арраро баён доштаанд: Таълим зи арра гир дар касби маош, Чизе сӯи худ мекашу чизе мепош. Ин «беовозӣ» - ро як шоири классики мо бисёр зебо ва бо сувари хаёл изҳор намудааст: Дӯш аз барам чу рафтӣ, огаҳ нагаштам, оре, Умрию рафтани умр овози по надорад. Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ин садо, ин овозро мешунавад ва бо андак андуҳ барои дар ғафлат намондани инсонҳо мегӯяд: Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш,чун ҳар дам, Ҷаррас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо. Ва Умари Хайём пештар аз ӯ гуфтааст: Донӣ, ки чӣ мегӯяд хурӯси саҳарӣ? К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ. Вақт хоҳ – нохоҳ мегузарад. Бузургони мо ҳар чи оянда аст, онро наздик шумурдаанд. Оре ҳамин тавр аст. Вақт даҳаспа меояд, зуди зуди зуд. То чашм мекушоему бохабар мешавем, ки омадааст, расидааст. Аз рафта биандешем ё аз оянда? Ба ин пурсиш Т. Броун посухи зебо дорад: «Аз гузашта дида бояд дар бораи оянда биандешем, зеро дар оянда зиндагӣ ба сар мебарем». Барои ояндаи худ, инсонҳо, кишвар, миллат чӣ кардем, чӣ омодагӣ гирифтем? Ба ин пурсиш ҳар шахси огоҳ, дилсӯзи миллату инсоният бояд посухи дурусту сазовору муносиб дошта бошад. Нахуст барои ин ба хештаншиносӣ, худсозӣ, инсонсозӣ таваҷҷуҳ зоҳир бикунем. Расидан ба ин мақсуди бузург мушкил нест. Муҳим дар ин роҳ бояд гом бардорем, албатта, бо азми қавӣ. Ф. Бекон барҳақ таъкид кардааст: «Инсон ҳама вақт қаҳрамон намешавад, аммо ҳама вақт инсон шуда метавонад». Ҷавонмардию номусро дар зиндагӣ набояд аз даст дод, оре, агар мартабаи баландро хосторем. Наполеон дар ин маврид мегӯяд: «Ду чиз аст, ки инсонро ба мартабаи баланд мебардорад: мардонро ҷавонмардӣ ва занонро номус». Аз дарҳои маҳкам набояд бо андуҳу нигаронӣ биандешем ва пеши нотавонӣ сар фуруд биорем. Сервантес, нависандаи бузурги дунё, моро таълим медиҳад, ки «як дар агар маҳкам шуд, дигараш кушода мешавад». Мабодо ки ин байти Мирзо Абдулқодири Бедилро нодуруст бифаҳмем ва ба ин ҳол дар тааҷҷуб биафтем: Касе дар банди ғафлатмондае чун ман надид ин ҷо, Ду олам як дари боз асту меҷӯям калид ин ҷо. Сэнека, адиби Юнони бостон, дар он рӯзгори пешини пешин ҳикмати зиндагиро барои мо бозгӯ мекунад: «Зиндагӣ мисли ҳикоя аст, муҳим дароз будани он нест, балки маънои он аст». Пас, ин ҳақиқатро бояд бишносем. Чаро? Чунки ба ифодаи ӯ: «Ҳақиқат таъхирро дӯст намедорад». Пас, дер макун! Шиллер бисёр нозук ва ҳадафрас баён медорад: «Ҳақиқат барои боақлон ва зебоӣ барои қалбҳои пурэҳсос офарида шудааст». Виктор Гюго, нависандаи фаронсавӣ, изҳор доштааст: «Шер баъд аз марг пӯст ва инсон ном боқӣ мегузорад». Ва як шоири мо барвақттар ин маъноро гуфтааст: Номе аз хеш дар ҷаҳон бигзор, Зиндагонӣ барои мурдан нест. Пас, вақтро, Соли навро барои зебову хуш зистан ва аз худ номи нек гузоштан бояд сарф кард. Такрор ҳам шавад, аз номи он шоир мегӯям: «Зиндагонӣ барои мурдан нест». Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 2655

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед