logo

иқтисод

РАШТ. БОЗ 20 БОНУ СОҲИБКАСБ ШУД

Боз 20 нафар аз занону духтарони бешуғли Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт соҳиби касби дӯзандагӣ шуданд. Омӯзиши касбии онҳо аз рӯи ихтисоси дӯзанда дар литсейи касбӣ – техникии ноҳия ҷараён гирифт.

Ба бонувон мутахассисони ботаҷрибаи муассиса нозукиҳои касби дӯзандагиро дар муддати як моҳ омӯзонданд. Пеш аз шурӯъ гардидани курси кӯтоҳмуддати касбӣ муассиса бо ҳама таҷҳизот ва маводи омӯзишӣ таъмин гардид. Дар анҷоми курси кӯтоҳмуддати касбӣ баъд аз супоридани имтиҳонҳо иштирокчиён соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Тавре Маҳмадҷон Асалов, директори литсейи касбӣ - техникии ноҳия, иброз дошт, ин амал бо ибтикори муассисаи давлатии таълимии литсейи касбӣ - техникӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар якҷоягӣ бо созмони Агроаксияи Олмон дар доираи барномаи «Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо кор таъмин гардидани ҷавонон дар Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид. Дар маросими супоридани шаҳодатномаи хатми курси дӯзандагӣ, ки дар бинои литсейи касбӣ - техникӣ баргузор гардид, намояндагони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ва ташкилоти Агроаксияи Олмон иштирок намуданд.
- Мақсад аз ташкил намудани курсҳои касбомӯзӣ дар доираи ҳамкориҳо бо барномаи «Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо кор таъмин гаштани ҷавонон дар Тоҷикистон» ин баланд бардоштани имкониятҳои бо кор таъмин намудани ҷавонони бешуғл тавассути рушди малакаҳои касбӣ ва дастгирии соҳибкории инфиродӣ мебошад. Барнома ҷавонони синни 15 - 30 - соларо фаро мегирад. Дар доираи барнома ба нақша гирифта шудаааст, ки ҳадди ақал 400 нафар аҳолии ноҳия соҳиби касб гарданд, - гуфт Маҳмадҷон Асалов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 1777

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед