logo

маориф

ҲИСОР. МАКТАБИ № 87 БА ТАЪМИРИ АСОСӢ НИЁЗ ДОРАД

Возеҳ аст, ки Ҳукумати кишвар нисбат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд дошта, баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва омода намудани мутахассисони варзида  тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мутаассифона, ҳоло ҳам ҳастанд мактабҳое, ки ниёз ба таваҷҷуҳи бештар доранд. Муассисаи таълимии таҳсилоти асосии № 87 - и  деҳаи Ҳуснободи шаҳри Ҳисор аз зумраи чунин мактабҳост.

Мактаб соли 1948 сохта шуда, аз 9 синфхона иборат аст. Он  барои 180 нафар хонанда пешбинӣ шуда буд. Бо мурури замон шумораи аҳолӣ дар ин деҳа афзуду талабот ҳам зиёд гардид.
Бо назардошти пешрафти соҳа дар навоҳии гуногуни кишварамон мактабҳои зиёди наву замонавии ҷавобгӯи талаботи рӯз сохта, ба истифода дода шуда истодаанд. Дар назди  қисме аз муассисаҳои таълимии кишвар бо назардошти норасоии ҷой барои хонандагон, синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд.  Аммо мактаби № 87 дар деҳаи Ҳуснободи Ҳисор давоми солҳои зиёд бо як маром фаъолият дорад.  Ҳоло дар мактабе, ки барои 180 хонанда пешбинӣ шудааст, 300 нафар таҳсил мекунанд. Хонандагон аз нарасидани ҷойи нишаст танқисӣ мекашанд ва ин ба раванди дурусти таълим халал ворид месозад.
- Синфхонаҳои хурд, нарасидани мизу курсиҳо низ ба рафти таҳсил халал мерасонад. Дар фасли зимис-тон барои гузарондани дарси варзиш ҷойи муносиб нест. Аз ин сабаб, ин дарсҳоро устодон дар  синфхонаҳо   мегузаронанд, - мегӯяд директори мактаб Ҳасан Ҳакимов. Бинобар иттилои ӯ, барои таъмири муассиса чанд сол боз маблағ ҷудо намешавад. Аз ин рӯ, ҳар сол дар мактаб аз ҳисоби волидайни хонандагон таъмири нопурра гузаронда  мешуд. Имсол барои таъмир 6000 сомонӣ ҷудо шуд, ки он ҳам хеле кам аст.
Мушкилии дигар он аст, ки мактаби мазкур муассисаи  таҳсилоти  асосӣ ба шумор меравад. Яъне, дар он хонандагон то синфи 9 таҳсил менамоянд. Албатта баъзе хонандагон баъди хатми он таҳсилро  дар мактабҳои дигар идома медиҳанд, аммо қисми бештарашон, хусусан духтарон аз сабаби дурии роҳ  таҳсилро идома намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллатамон пайваста  таъкид месозанд, ки наврасон бояд ба таълим бештар ҷалб  гарданд, то тавонанд аз илмҳои замона бархӯрдор бошанд ва чун фарди комил ба воя расанд.
Вақеан, дар роҳи ҷалби хонандагон ба таълим ва фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ барои онҳо бояд ҳама чораҳо андешида шаванд. Аммо бо шароите, ки муассисаи таълимии мазкур дорад, наметавон кадрҳои ҷавобгӯи талаботи рӯз, донандаҳои хуби техникаву технологияҳои навинро тарбия намоем.
Ба гуфтаи Ҳасан Ҳакимов,  чанде пеш Шарифҷон Ҷумазода,  раиси шаҳри Ҳисор аз вазъи мактаб дидан намуда, ваъда дод, ки дар фурсати муносиб барои хонандагон мактаби  наву замонавӣ месозем.
Аммо зимистони кунунӣ, ки нисбат ба солҳои пешин сардтар омадааст, раванди таҳсилро дар бинои асосӣ бадтар карда, чораҳои бетаъхирро тақозо менамояд. Пас, чӣ бояд кард? Саволест, ки посух меҷӯяд.
Лола РИЗОЕВА, Ситора ШОМАҲМАДОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 4621

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед