logo

фарҳанг

ОСОРХОНА ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар шароити нави таърихӣ  ташаккули  худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, тарбияи он омӯзишу пажӯҳиши арзишҳои миллӣ ва мероси таърихиву фарҳангиро тақозо мекунад. Мероси фарҳангӣ ҳамчун баёнгари хотираи таърихӣ, расму ойин ва анъаноти миллӣ дар шинохти тамаддун ва мақоми ҷаҳонии миллати тоҷик аҳамияти бузург дорад. Бахусус, нақш ва мақоми ин мерос дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ хеле бузург аст.
Маҳз бо назардошти ҳамин дар даврони истиқлолият ба рушду нумӯи осорхонаҳо дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Дар ин давра осорхона - мамнӯъгоҳҳо ва навъҳои гуногуни осорхонаҳои замонавӣ   бунёд ва ба истифода дода шуданд.
20 марти соли 2013 бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудани бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими фарҳангии даврони истиқлол дар ҷодаи ҳифзу гиромидошти хотираи таърихӣ, тарбияи завқи зебоишиносӣ ва ҳисси худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳри татбиқи рисолати азалии хеш – ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, барқарорсозӣ, омӯзишу таҳқиқ ва ҳифзу нигоҳдории намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода, тавассути роҳандозии фаъ-олияти фарҳангӣ - маърифатӣ, намоишӣ - экспозитсионӣ ва илмӣ - таҳқиқотӣ дар раванди тарбияи худшиносию худогоҳии миллӣ, муаррифии хотираи таърихӣ ва манзури ҷомеа намудани беҳтарин арзишҳои таърихию фарҳангӣ саҳм мегирад. Бо мақсади ошно намудани табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ба мероси фарҳангии миллати тоҷик дар осорхона шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Қабл аз ҳама, дар толорҳои экспозитсионии осорхона экспонатҳои нодир аз аҳди бостон то замони муосир ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки ҳар як экспонат ва коллексияи он бозгӯйкунандаи давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷиканд. Аз ҷумла, бо истифода  аз толорҳои намоишии шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, ки дорои беш аз 3400 экспонати пурарзиш мебошад, тамошобинон имкон доранд, ки ба харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, давраҳои ҳаёти инсоният дар асрҳои санг ва биринҷ, фарҳанги зардуштиён, давраи Ҳахо-манишиён, бозёфтҳои Хазинаи Амударё, ёдгориҳои давлатдории Юнону Бохтар, империяи Кушониён, сулолаҳои Сосониён ва Ҳайтолиён, шаҳрҳои қадимаи тоҷикон дар асрҳои V - IХ, аз қабили Панҷакенти бостон, Бунҷикат, бозёфтҳои кӯҳи Муғ, мероси хаттӣ, дайри буддоии Аҷинатеппа, давраи Сомониён ва ёдгориҳои машҳури ин давра -  шаҳр ва қасри Ҳулбук, Меҳроби  Искодар, ҳунарҳои хушнависӣ ва мисгарӣ, ёдгориҳои эпиграфӣ, намунаҳои мухталифи сиккаҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шинос шаванд. Аҳамияти экспозитсияҳои мазкур дар он зоҳир мегардад, ки бештари маълумотномаҳо бори нахуст маълумоти дақиқ ва боэътимодро оид ба ин ё он ашёи таърихӣ пешниҳод мекунанд.
Баъд аз ба истифода додани бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон сатҳи ташрифоварии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба осорхона ба маротиб афзуд, ки ин ҳам аз боло рафтани ҳисси худогоҳии сокинони кишвар дарак медиҳад.
Имрӯз баҳри ҷалби тамошобинон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон намудҳои мухталифи кори фарҳангӣ - маърифатӣ, аз қабили лексияву мизҳои мудаввар, вохӯриву маҳфилҳо, нишастҳои илмиву конфронсҳо, озмуну чорабиниҳои шавқовар баргузор мегарданд, ки дар маҷмӯъ ҳадафи асосии онҳо ҳарчи бештар дар замири насли ҷавон парвариш намудани эҳсоси баланди ватандорӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба хотираи таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ мебошад.
Фирдавс ШАРИФЗОДА,
сармутахассиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илми таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 2668

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед