logo

иқтисод

ИФТИХОР АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, КИ БА НАФЪИ БАШАРИЯТ АСТ

Афзоиши аҳолӣ,  кӯчиши он ба шаҳр,  кам шудани ҳаҷми заминҳои кишоварзию ҷангалзорҳо ва афзудани  корхонаҳои саноатӣ   мӯҷиби ба миён омадани мушкилоти ҷаҳонии экосистема, хусусан дар соҳаи истифодаи об,  гардидаанд. Ин проблема дар ҳама қитъаҳои олам тадриҷан доман паҳн карда, ҳолати норасоӣ,  ифлосӣ ва  суръати  камшавии захираҳои обро бештар сохтааст. Роҳбарияти давлати Тоҷикистон бо дарки амиқи масъала зарурати самаранок ва сарфакорона истифода намудани ин манбаи ҳаётро барои рафъи мушкилоти дар ҷаҳон мавҷудбуда дар доираи  Эъломияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018 – 2028  ба ҷаҳониён пешниҳод намуд.  177 давлати дунё – аъзои Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамовозии комил иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро   самимона ҷонибдорӣ карданд.  Баҳодур Мирзоев, коршиноси соҳа,  оид ба  аҳамияти ҷонибдории васеъ ёфтани ташаббуси Сарвари давлат чунин изҳори назар намуд:
- Қабули қатъномаи мазкур  аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастовардҳои камназири миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, қабули ин санади муҳими ояндадор қариб барои тамоми кишварҳои олам ҳамчун дарёфти роҳи бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта маҳсуб меёбад. Проблемаи норасоии оби ошомиданию полизӣ ва коҳишёбии рӯзафзуни манбаъҳои он масъалаи мубрами умумиҷаҳонист, ки  ҳамкории мамлакатҳоро  дар як низоми муайян тақозо мекунад. Дар ҷаҳон қариб 1 миллиард нафар  одам ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд. Мардуми беоби баъзе  минтақаҳо аз оби ифлос ва вазъи ғайрисанитарӣ ба бемориҳо гирифтор шудаанд,  оби олудаи маводи гуногун сабаби зуҳур кардани касалиҳои сироятӣ гардидааст. Ҳамасола 1,5 миллион кӯдак дар синни то 5 – солагӣ аз бемориҳое, ки ба истеъмоли оби ғализ алоқаманданд, мефавтанд. Ин нишондод  сол аз сол рӯ ба афзоиш дошта, ҳолати бавуҷудомада қариб ба ҳамаи давлатҳо таҳдид дорад. Дар баробари  ин, дар натиҷаи коҳиш ёфтани захираҳои об ва хушкидани кӯлу дарёҳо ҷангалу бешазорон ба биёбон табдил ёфта истодаанд. 
Мушкилоти мазкур,  пеш аз ҳама, дар натиҷаи афзудани шумораи корхонаҳои саноатӣ, ки ба атмосфера газҳои гармхонаиро ихроҷ менамоянд, зуҳур кардааст. Чунин газҳо дар сатҳи замин гармиро нигоҳ дошта,   сабаби обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо мегарданд. Ин ҳолат дар кишварҳое, ки дорои пиряхҳои бузурганд, боришоту обхезии бисёр ва дар мамлакатҳои поёноб камчинии обро ба вуҷуд меорад.  Ҳарчанд Тоҷикистон аз ҷиҳати ихроҷи партовҳои газӣ дар миёни мамлакатҳо ҷойи  100 – умро ишғол мекунад, дар натиҷаи бодҳо   гази ихроҷшудаи корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигар ба фазои он ворид мешавад. Бинобар ин, дар доираи эъломияи навин  ҳатмӣ гардондани коркарди газҳои ихроҷшуда ва партови корхонаҳо   яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи номбурда мебошад.  Азбаски раванди омодагӣ ба татбиқи барнома аз соли 2018 оғоз меёбад,  давлатҳо бояд ба самти коркарди партовҳои газӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд ва ин корро дар корхонаҳои саноатӣ ҳатмӣ созанд. Мамлакатҳое, ки дар  интиқоли газҳои гармхонаӣ ҳиссаи бузург доранд ва поёнобанд,  ба кишварҳои дорои пиряхҳои азим,  дар саргаҳи об - дарёву кӯлҳо қарордошта, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз офатҳои табиат  –  фаромадани селу   обхезӣ осебпазиранд,  дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди шабакаҳои обёрӣ бояд кумак намоянд. 
Гузашта аз ин, дар асоси эъломия кишварҳои ба мо дӯсту бародар,  назири Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб  имкон доранд барои кашондани оби нӯшидании софу гуворои кӯли Сарез барномаҳои махсуси муштарак  таҳия сохта, бо роҳи муносиб аҳолиашонро аз ин неъмати бузург таъмин намоянд.  Айни замон, давлатҳо барои гирифтани гази моеъ чанд ҳазор километр лӯла васл мекунанд, ки миллиардҳо доллар харҷ мегардад. Пас, интиқоли об низ аз манбаъҳои  дур, аммо боэътимод аз манфиат холӣ нест.
Ҳамчунин, фаъол сохтани системаи мукаммали обтозакунии корхонаҳо яке аз масъалаҳои ҳалталаб аст. Ҳоло дар баъзе корхонаҳо оби дар истеҳсолот ва хизматрасонӣ истифодашударо бидуни поксозӣ ба дарёву кӯлҳо интиқол медиҳанд. Ҳолати мазкур ба ғализ гаштани оби нӯшидании мавҷудоти зинда, пеш аз ҳама одамон боис гаштааст. Агар  дар чорчӯбаи қатъномаи номбурда назорати системаи обтозакунии корхонаҳо пурзӯр гардад,  ифлосшавии ҳама гуна оби табиат то ҳадди лозим пешгирӣ меёбад. Одамон  ба неъматҳои табиат  бояд дуруст муносибат намоянд.
Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва санитарияи ба талабот мувофиқ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Дар мамлакат вобаста ба ин аллакай  тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароиту имкониятҳо  фароҳаманд. Тибқи  Барномаи миллии «Беҳтар кардани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшоӣ дар солҳои 2008 – 2020», ки ба муҳайё намудани шароити мусоиди дастрасии аҳолӣ ба оби тоза  нигаронда шудааст, бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Дар  раванди баҳрабардорӣ аз эъломияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  низ муваффақиятҳои назаррас дар кишвар ба даст хоҳанд омад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 1932

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед