logo

маориф

ПАЁМ. БАРОИ ПЕШРАФТ ТАМОМИ ИМКОНИЯТУ ЗАХИРАҲОИ ЗАРУРИРО ДОРЕМ

Президенти мамлакат дар Паёми навини худ ба Маҷлиси Олӣ ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.
Ин пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозои замон буда, пеш аз ҳама хотири устодону омӯзгоронро шод гардонд, чунки омӯзиши анъанаву ҷашну маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то имрӯз аз тариқи маҷлисҳои падару модарон, машғулиятҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ оид ба танзими анъана ва сарфаю сариштакорӣ ва масъулияти волидайн суҳбатҳо доир мекарданд. Тасаввурот ва фаҳмишҳое, ки шогирдон дар натиҷаи чунин машғулиятҳои тарбиявӣ ба даст меоварданд, дар шуури онҳо ҷойгоҳи махсус пайдо мекард, аммо ин басанда набуд.
Акнун, тавассути барномаҳои таълимӣ ва истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ, дараҷаи тарбия ва огоҳии  хонандагонро аз анъана ва урфу одатҳо ошкор сохтан мумкин аст.
Пешвои миллат ишора ба он доранд, ки падару модар дар ёд дошта бошанд, ки саломатию инкишофи фикрии фарзандон ба худи онҳо вобаста аст. Инкишофи фикрии кӯдак ба муҳите низ бештар вобаста мебошад, ки ӯ дар роҳи идрок қадамҳои нахустин мегузорад. Оила, ки кӯдакро вориди олами камолот ва хирад месозад, чунон асоси тафаккури кӯдак аст, ки дар ин синну сол касе ҷои онро гирифта наметавонад.
Сарвари давлат дар асари худ «Аз Ориён то Сомониён» ба маврид зикр намудаанд, ки «мо барои тараққиёти пешравӣ тамоми имконияту захираҳои заруриро дорем: заминаи устувори моддӣ, таҷрибаи кофии созандагӣ, неруи тавонои илмию зеҳнӣ, Ватани ободу табиати зебову нотакрор, боигариҳои зеризаминии аз системаи кимиёвии Менделеев афзунтар, манбаъҳои бузурги оби нӯшокӣ ва захираҳои беназири истеҳсоли неруи барқ».  
Бо ин фармуда, андешаи он доранд, ки дар ҷавонон пайдо шудани завқи забонпарварӣ, омӯхтан, донистан ва ба кор бурдани илмҳои дақиқ зиёд гардида, барои ояндаи миллату давлат ва шукуфоии мамлакат нақши ҳалкунанда мебозад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хеле саривақтӣ буд. Чунин муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад. Дар Қонуни мазкур шакл ва мазмуни таълиму тарбия ба маҷрои нав ворид гардидааст. Президенти мамлакат муҳимтарин шартҳоеро, ки методикаи таълиму тарбия бояд дар асоси онҳо сохта шавад, низ муайян карданд ва ба имкониятҳои педагогии падару модарон, ба истеъдоди педагогии бисёрии онҳо боварӣ доранд. Вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, пеш аз ҳама, тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанди комилу соҳибмаърифат мебошад. Нутқи падару модар ва ҳикмати зиндагонии онҳо сарчашмаи бепоёни педагогикаи халқист. Аз ин нуқтаи назар, талаботи падару модар пеш аз ҳама бояд оқилона бошад.
Даъвати Сарвари давлат ба он аст, ки падару модарон ҳамеша ба ҳаёти мактабӣ, фаъолияти кори Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон, ҳамсинфону рафиқони фарзандони хеш шиносоӣ дошта бошанд, то ки доираи дониш ва назари онҳо ба таълиму тарбия тағйир ва такмил ёбад.
Инсон тавассути ақлу хирад мустақилона фикр карда метавонад. Дар замони мо тақдир ва бахту саодати шахсии ҳар кас ба инкишофи фикриаш вобаста мебошад. Азбаски қобилияти ҳамаи бачаҳо як хел намешавад, бинобар ин, вазифаи муҳимтарини мактаб парваридани қобилият аст. Аз таҷрибаи корӣ ба дурустии чунин қонунҳои миллӣ ва басо муҳими педагогӣ боварӣ дорам. Чунки ҳуқуқ ва имконияти падару модар барои ба иродаи худ тобеъ кунондани фарзандон мувофиқ аст ва онҳо дар ҷамъият мавқеъ ва мақоми арзанда пайдо мекунанд.
Дар кишвари соҳибистиқлоламон эътиқод, ақида, озодии виҷдон ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Дар роҳи расидан ба маънавиёти баланд монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд надоранд. Ба шарте ки дар мадди аввал манфиати давлату миллат қарор дошта бошад. Равандҳои ҷаҳони муосир ва ҷаҳоншавӣ тақозо доранд ба худсозӣ машғул бошем, то давлатамон ҳамчун узви комилҳуҳуқи ҷомеаи башарӣ мавқеи боз ҳам баландтарро касб кунад.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 4544

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед