logo

иқтисод

ЗИМИСТОН. ДИЛИ МАРДУМИ САНГВОР ГАРМ АСТ

Таъмини зиндагии шоиста барои сокинони кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.
Дар навоҳии кӯҳии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Сангвор бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 корҳои назаррас ба анҷом расонда шудаанд. Тавре ки Исмоил Давлатов, мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, зимни суҳбат иттилоъ дод, бо ин мақсад дар ноҳия  ситоди фаврӣ таъсис ёфта,  нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст.  Бино ба гуфтаи ӯ, таъмиру тармим ва ба зимистон омода намудани роҳҳо, инчунин дар шафати онҳо захира намудани  маводҳои зидди лағжиш, афзоиш додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ  самти  аввали кор буд. Барои ноҳияи Сангвор роҳи мошингард воситаи асосӣ буда, тавассути он робитаи дохилӣ ва берунӣ рушд менамояд. Дар хизматрасонии нақлиётии ноҳия нақши муҳимро роҳи аҳамияти байналмилалидошта мебозад, ки талаботро дар кашондани молу маҳсулот таъмин менамояд.
Муассисаи роҳсозии ноҳия барои нигоҳдории роҳҳо дар  соли 2016 корҳои таъмирию нигоҳдориро ба ҷои 284 ҳазору 72 сомонии дар нақша пешбинишуда  ба маблағи 285 ҳазору 500 сомонӣ иҷро намуд. Дар қитъаҳои хавфноки роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз  маводи захирагардидаи зидди лағжиш - 355 метри мукааб қум ва 3 тонна намак истифода мешавад.
Соли ҷорӣ, тибқи харҷномаи хароҷотии тасдиқшуда, барои гузарондани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 - 2017 аз буҷаи маҳаллии ноҳия 668 ҳазору 927 сомонӣ, ҷудо аз ҷумла 485 ҳазору 971 сомонӣ барои гармидиҳӣ гардида буд.  Дар ин замина дар муассисаҳои муҳими иҷтимоӣ ба қадри кофӣ маводи лозима захира карда шуд. Ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия бо бухорию дудкашҳо ва генераторҳои барқӣ таъмин мебошанд. Ба аҳолии  ноҳия  790 тонна ангишт, 1750 метри мукааб сӯзишвории биологӣ ва 350 метри мукааб ҳезум фурӯхта шудааст. Барои таъмин намудани аҳолӣ бо ангишт, гази моеъ, керосин ва ҳезум барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар ноҳия 6  нуқтаи фурӯши ангишт ва 1 нуқтаи фурӯши гази моеъ  ташкил карда шудааст.
ҶДММ “Вуромун” дар соли 2016  ба миқдори 2080  тонна ангишт истихроҷ намуда, аз ин 1290 тонна ба ташкилоту муассисаҳо ва 790 тонна ба аҳолӣ ба фурӯш баровардааст.
- Омодагӣ ба мавсими зимистон дар ноҳияи Сангвор аз аввали мавсим ҷиддӣ роҳандозӣ гардида буд. Имрӯз соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва аҳолии ноҳия бе ягон мушкилӣ мавсими зимистонро сипарӣ менамоянд. Ҳамаи ин аз шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, - гуфт Исмоил Давлатов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 1763

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед