logo

иқтисод

ЭСТАКАДА. МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД...

Дар Душанбе бори аввал эстакада (чорсӯи нақлиётии сесатҳа) сохта мешавад.  Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳаи эстакада дар сатҳи дувуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пули 125 - метра мегузарад. Ҳамчунин, сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон дар назар дошта шудааст.

- Дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров пеш аз оғози сохтмон чорроҳаи идоранашавандаи дорои роҳи давродавр бо радиуси 50 метр ҷойгир буд. Бо вуҷуди бузургӣ, чорроҳа талаботи ҳаракати нақлиётро қонеъ карда наметавонист. Бо мақсади беҳтар намудани шароит, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо аз буриши  ин хиёбонҳо сохтмони эстакада оғоз ёфтааст, - гуфт Аброр Музаффаров, менеҷери сохтмони лоиҳа.  
Ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи мавҷудаи чорроҳаи қаблӣ роҳи давродавр бо радиуси 30 метр бунёд мегардад. Ҳаракат дар ин роҳ бо чароғакҳо идора мешавад. Дар самти шарқу ғарби хиёбони Н. Махсум роҳи болоиҳам бо дарозии  125,04 метр мегузарад. Ба роҳи болоӣ бо тамбадеворҳои  аз ду тарафи роҳ ҷойгирбуда ворид мешаванд. Дарозии умумии танбадевор 658 метрро ташкил хоҳад дод. 

Гузаргоҳҳои зеризаминӣ мавриди истифода қарор мегиранд
Дар чорроҳа аз самти шарқ ба ғарб ва аз ҷануб ба шимол гузаргоҳҳои зеризаминӣ бунёд мешаванд, ки паҳноияшон 7 метрро ташкил медиҳанд. Паҳноии роҳи асосии барои пиёдагардон пешбинишуда 3 метр хоҳад буд. Барои шахсони имконияташон маҳдуд гузаргоҳҳо бо поймонак ва чароғакҳои болопӯшдор маҷаҳҳаз мегарданд.

Ҳаракати нақлиёт ба муддати ду сол қатъ аст
Вобаста ба гузарондани корҳои сохтмонию азнавсозии роҳи автомобилгард дар чорроҳаи маҳаллаи 82-и ноҳияи Синои пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 20 сентябри соли 2016 ба тасвиб расид. Тибқи он ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров то 30 июли соли 2018 қатъ гардидааст. Барои таъмини бехатарии ҳаракати автомобилҳо дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон, аз пайкараи А. Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе,  километри 1,2 то 1,9 хиёбони Н. Махсум», тибқи қарори раиси шаҳр Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чораҳои мушаххас андешидаанд.

Эстакадаро ширкати чинӣ бунёд мекунад
Эстакада дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»  сохта мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи Вазорати нақлиёт, эстакадаро ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян - Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) – и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи қариб 25,5 миллион доллари ИМА бунёд хоҳад кард.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 1815

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед