logo

иқтисод

СОҲИБКОРОН ВА САҲМИ ОНҲО ДАР ОБОДИИ ВАНҶ

Соҳибкорони ванҷӣ дар партави ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти кишвар   ба амалҳои созандагию ободкорӣ пардохтанд. 

Ба гуфтаи Салимҷон Сурхов, мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷавонмардони ҳимматбаланд Худоёр Давлатов ва Саломат Шеров ба истиқболи ҷашни 20 – солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ  ҷиҳати таъмини сокинони деҳаи  Рованди подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон бо оби нӯшиданӣ 120 ҳазор сомонӣ харҷ карданд. Ҳамчунин, онҳо азнавсозии  синфхонаҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рустоҳои номбурда ба сомон расонданд. Тоҷиддин Замонов ва Нурулло Қурбонов аз ҳисоби  худ  роҳи миёни деҳаҳои Чихох – Удоби Деҳоти Техарвро  тахту ҳамвор сохтанд.  Нуралӣ Назаралиев ва Баҳор Мирзоев  барои соҳилмустаҳкамкунии рӯдхонаи деҳаи Бунайи Деҳоти Ҷовидон ёрӣ расонданд. Сокинони  ноҳия  ҳимматбаландии ҷавонмардони номбурдаро дида,  умедворанд, ки шахсони саховатпешаи дигар  ба иқдомҳои шоистаю ватандӯстонаи онҳо пайравӣ намуда, дар диёри хеш ба ободкорию созандагӣ мепардозанд. Ҳоло сарзамини Ванҷ бо талоши Ҳукумати кишвар ва ҳиммати соҳибкорон, ки аз ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, рушд ёфта, рӯз аз рӯз ободтар мегардад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 1813

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед