logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. БАЛАНДИИ ҚАСРҲО БАЛАНДИИ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА ХОҲАД БУД

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали касб намудани Истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи фарҳанг аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри таъмини рушди босуботи он тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ин раванд заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Пешвои миллат таъкид менамояд: «Фарҳанг, бешубҳа ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод накардааст».
Вазъи мусоиди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ба такмили сохтору ғанӣ гардидани мазмуну мундариҷаи фаъолиятҳои муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ мусоидат намуда истодааст. Яке аз омилҳои пешрафти соҳа бунёди қасрҳои фарҳанг мебошад.
Имрӯз қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ қасрҳои тозабунёд фаъолият доранд, ки намунаи беҳтарини онро мо дар шаҳри Ҳисор мебинем. Қасри фарҳанги Ҳисор соли 2015 дар заминаи хонаи маданият ва дар масоҳати 1 гектар бунёд гардидааст, ки дорои  толори  консертӣ бо 700 ҷойи нишаст мебошад. Дар назди он филармония ва театри халқӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, барои омода намудани либосҳои саҳнавӣ, фаъолият мекунад. Кормандони муассиса дар ташкил ва гузарондани  чорабиниҳои сатҳи маҳалливу ҷумҳуриявӣ, иду ҷашнҳои расмӣ ва миллӣ  саҳм мегиранд. Дар қасри фарҳанг фаъолияти эҷодии ансамблҳои «Шашмақом», фолклорӣ ва рақс ба роҳ монда шудааст, ки фарогири истеъдодҳои ҷавон мебошанд.
Тибқи иттилои Сафаралӣ Бобоев,  мудири қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор дар ҳудуди он таъсиси маркази варзишӣ барои ҷавонон дар назар аст, ки пас аз оғоз ба фаъолият, метавонад манбаи дигари даромад  гардад. 
Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дорад ва  яке аз қасрҳои замонавӣ ва  навбунёд ба шумор меравад. Сохтмони он пеш аз истиқлолият, яъне соли 1989, оғоз гардида буд, аммо то ба охир нарасида монд. Соли 2006 бо тағйир додани нақшаи сохтмон кор аз сари нав оғоз ёфт. Масоҳати умумии қаср акнун 2900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он дорои толори тамошо барои 500 нафар, саҳнаи 13 - метра, мактаби ҳунарӣ, синфхонаҳо барои машқи рақс ва устохонаи рассомӣ мебошад. Мувофиқи ҳисоботи шуъбаи фарҳанги шаҳр  аз ҳисоби Ҳукумат барои сохтмони он тақрибан 11 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Бунёди қасрҳои фарҳанг имрӯз ҳамчун идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари азизамон ба шумор меравад. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди қасри фарҳанг сурат гирифта, дар боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои наву замонавии он қомат афрохт. Сохтмони он моҳи марти соли 2014 аз ҷониби идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардид, ки маблағи умумии сохтмон 12 миллион сомониро ташкил дод. Қасри фарҳанг дуошёна буда, аз толори асосӣ бо 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди машқӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, қисмати берунии он (намои асосӣ) аз 18 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Пештоқи болои бино Бо мусаввараҳои гуногун ва сақфу деворҳои толори асосӣ бо истифода аз гаҷкорию кандакорӣ хеле зебою назаррабо оро дода шудааст. Дар саҳни ҳавлии он ду фаввора бо чароғҳои ранга ҷойгир шуда, гирду атрофи майдон ва ҳудуди боғи фарҳангӣ бо дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ ва таҷҳизоти муосири равшанидиҳӣ оро ёфтааст. Қобили зикр аст, ки ин қаср макони баргузории чорабиниҳои гуногун буда, барои дарёфти истеъдодҳои нав ба миллат ва мардуми шарафманди диёр хизмат мерасонад.  Акнун дар заминаи он Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият менамояд. 
Албатта, ҳамаи ин бунёдкориҳо самараи Истиқлолияти давлатиамон буда, хурду бузургро вазифадор месозад, ки шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоему наврасону ҷавононро дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихор аз давлати соҳибихтиёри хеш тарбия намоем.
Саховат МИРЗОЕВА,
ходими илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 2703

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед