logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. СУХАН ДАР БОРАИ НИЁЗ САФАРОВ МЕРАВАД

Омӯзгор сиришти неку наҷибе дорад. Ӯро одат ин аст, ки на танҳо илму маърифати андӯхтаи худ, балки умри азизашро бедареғ барои дигарон мебахшад. Агар як рӯз эҳсос кунад, ки ба манфиати хеш зистааст, аз беқарорӣ вуҷудаш ором намеёбад.

Муаллим Ниёз Сафаров низ (ёдаш ба хайр!) аз шумори он шахсиятҳои бузурге буд, ки дар солҳои 50 - уми асри гузашта корро аз омӯзгории мактаби ба номи К. Е. Ворошилови шаҳри Кӯлоб оғоз карда, минбаъд дар зинаҳои баланди хизмати давлатӣ вазифаҳои масъулиятнокро иҷро намуд. Аммо то лаҳзаҳои вопасини умр чун омӯзгор ба соҳа ва касби худ содиқ монду рисолати азалии онро ба сомон расонд. Ҳамчун омӯзгори ҳақиқӣ то охирин нафасаш шахси фурӯтан, шикастанафс ва инсони худшиносу пурмасъул боқӣ монд.
Ниёз Сафаров баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ (собиқ Институти педагогӣ) ба зодгоҳаш – ба шаҳри Кӯлоб баргашт. Ӯ замоне ба зодгоҳаш баргашт, ки Институти педагогии Кӯлоб нав таъсис ёфта, ба мутахассиони ҷавону кордон ниёз дошт. Аз ин сабаб, Ниёз Сафаровро декани яке аз факултетҳои ин боргоҳи маърифат баргузиданд. Омӯзгорони бисёре аз намояндагони миллатҳои дигар дар ин ҷо кору фаъолият доштанд. Дар байни онҳо муаллим Сафаров бо дониши мукаммал ва хислатҳои наҷиби инсонии хеш зуд соҳиби иззату эҳтиром гардид.
Ҷаҳду талошҳои Н. Сафаров баҳри беҳбудии сатҳи таълим аз назари маорифчиён пинҳон намонд. Ӯро соли 1962 ба Душанбе, барои идома додани фаъолияти омӯзгорӣ даъват намуданд. Ӯ ин пешниҳодро рад накарда ба Душанбе омад ва дар донишгоҳи хатмкардааш бо омӯзондани нозукиҳои фанни психология саргарм шуд. Бар замми фаъолияти омӯзгорӣ бо роҳбарии профессор М. Г. Ярошевский ба навиштани рисолаи илмӣ оғоз кард. Дар арафаи дифои рисола ӯро ба сардории яке аз раёсатҳои муҳими Вазорати маорифи ҷумҳурӣ пешбарӣ намуданд. Аз рӯзе, ки бо ин вазифа оғози фаъолият кард, барои боло бурдани сатҳи саводнокии мардум, соҳиби маълумот гаштани ҷавонон ва наврасон кӯшишҳои хастанопазир кард.
Ин ҳама мисолҳои овардаи мо танҳо ба хотири бори дигар нишон додани шикастанафсиву одамияти баланди муаллим Ниёз Сафаров аст. Оре, ӯ ба маънои томаш муаллим буд ва бо ҳамин рисолати баланду сутуданӣ дунёи моро падруд гуфт.   
Ҳабибулло ИСКАНДАРОВ,
собиқадори соҳаи маориф, дорандаи ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 2898

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед