logo

иҷтимоиёт

БЕМОРИИ СИЛ. ШУМО БОЯД ИРОДАИ МУСТАҲКАМ ДОШТА БОШЕД!

Имрӯз на танҳо барои ба даст овардани иттилооти саривақтиву таҳлили масъалаҳои мубрам, балки барои аз хавфу хатар ва роҳҳои пешгирии баъзе аз бемориҳои сироятӣ огоҳонидани мардум низ нақши васоити ахбори омма бузург аст.

Ин нукта чанде пеш дар семинари омӯзишӣ барои намояндагони ВАО оид ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати маълумот дар бораи бемории сил барои аҳолӣ таъкид гардид. Дар ин ҳамоиш, ки ду рӯз идома ёфт, мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили Тоҷикистон ва гурӯҳи лоиҳа оид ба татбиқи гранти модули нави маблағгузории хазинаи глобалӣ иштирок доштанд.
Бино ба гуфтаи Қадриддин Пиров, мутахассиси силшинос, соли 2002 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ «ташхис ва табобати беморони сил дар ноҳияҳои пилотӣ оғоз гардида, то соли 2006 аксари беморон бо ташхис ва табобати ройгон фаро гирифта шуданд. Дар баробари кам шудани маблағҳои грантӣ соли гузашта панҷоҳ дарсади доруҳои зиддисилии қатори якум пурра аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ харидорӣ гардид. Иқдоми мазкур аз ҷониби вазорат имсол низ вусъат ёфта, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ роҳандозӣ мешавад».
Дар доираи Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил ҳамчун муассисаи давлатӣ таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии ин марказ татбиқи лоиҳаи Хазинаи глобалӣ дар самти табобат ва пешгирии бемории сил мебошад. Аслиддин Раҷабов, иҷрокунандаи вазифаи директори маркази номбурда, дар мавриди фаъолияти босамари ин ниҳод маълумот дода афзуд, ки «Дар бораи бемории сил аксари аҳолӣ маълумоти кам ва ё нокифоя доранд. Сокинони кишвар бояд донанд, ки микроби барангезандаи беморӣ ҳангоми паст шудани иммунитети организми инсон, кам истеъмол намудани хӯрокҳои серғизо, ҳолати ноустувори рӯҳӣ, шароити бади зист, бавижа дар хонаҳои намгирифта, танг ва ифлос дар вуҷуди инсон пайдо мешавад. Он аз бемор ба атрофиён ба воситаи ҳаво, яъне атса, сулфа, луоби даҳон, суҳбати дурудароз ва ё зисти якҷоя дар хуҷраҳои хурд, ки дар онҳо ҳавои тоза ва нури офтоб камтар мерасад, сироят мекунад. Ин беморӣ табобатшаванда буда, таъминот бо доруҳои қатори якуму дуюм, зери назорат қарор доштан ва табобат гирифтан дар марҳилаи аввали беморӣ ройгон мебошад. Аз шаҳрвандон танҳо муроҷиати саривақтӣ ва риояи муҳлати табобат талаб карда мешаваду халос».
- Ин лоиҳа таъмини ташхисгоҳҳои муассисаҳои зиддисилиро, аз ҷумла, 86 озмоишгоҳи микроскопӣ, 4 озмоишгоҳи бактериологии вилоятӣ, озмоишгоҳҳои бактериологии референсӣ ва ҷамъияти тандурустиро, ки дар онҳо санҷиши ҳассосият ба доруҳои зиддисилӣ гузаронда мешавад, инчунин таъмини маводи сарфшаванда ва таъмири дастгоҳҳои мавҷударо ба зимма гирифтааст, - изҳор дошт Қадриддин Пиров.
Дар машварати омӯзишӣ, ки асосан рӯзноманигорони музофотӣ иштирок доштанд, дар мавриди баланд бардоштани маърифати рӯзгордорӣ, сатҳи  огоҳии аҳолӣ аз масоили марбут ба сил суҳбату гузоришҳои рӯзноманигорон ва пешниҳодҳои силшиносон ироа гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 2247

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед