logo

иҷтимоиёт

САРГУЗАШТ. ДАРСИ ИБРАТ БАРОИ МОВУ ШУМО

Ман ин бонуи ранҷкашидаро дар нақлиёти шаҳрӣ вохӯрдам. Аз омӯзгор буданам воқиф гашту бо ҳасрат оҳ кашид. Баъди суҳбати кӯтоҳе, ки доштем, ба ман бовар карда, аз воқеаи ғамангези ба сараш омада нақл кард:

- Бародарам донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кард. Баъдан бо як ҷаҳон орзуву ҳавас оиладор ва  соҳиби писарчаи дӯстрӯяке гашт. Ҷойи кораш бад набуд, маоши хуб ҳам мегирифт. Як замон аз кадом минтақаи Қафқоз ба воситаи интернет рафиқе пайдо карда, моҳҳо бо ӯ дар робита буд. Моро бовар кунонд, ки он ҷо рафта кор мекунад, маоши хуб ваъда кардаанд. Ниҳоят зану кӯдакашро гирифта, ба зориву таваллои модари бемораш гӯш надоду рафт.
Баъд  аз шаш моҳ хабар омад, ки бародарам бо зану кӯдакаш ба воситаи яке аз шаҳрҳои Туркия ба давлати Сурия рафта, он ҷо ба кадом як гурӯҳи ифротгаро пайвастааст. Баъди ин хабарро шунидан модарам, ки бемори вазнин буд, аз дарду алами ҷудоии фарзанд бо дили реш-реш аз олам  чашм пӯшид. Падарам ҳам то имрӯз аз ин хиёнати фарзандаш шармсор асту дар назди хешу пайвандон ва ҳамсояҳо сар бардошта наметавонад. Ҳамсуҳбатам, бо овози паст ба гиря даромад. Дигар маҷоли сухан гуфтан надошт. Зери лаб пичиррос мезад: «Худо медонад, ки онҳо зинда бармегарданд ё не».
Баъд аз шунидани ин кирдори ноҷавонмардонаи бародари ҳамсафарам ангушти ҳайрат газидам. Зеро ба доми фиреби як нафар ифротии хориҷӣ афтодани ҷавонмарди донову баҳуш ва соҳиби маълумоти олӣ касро ба ҳайрат меорад. Аз ин саргузашт ба хулосае омадам, ки соҳиби маълумоти олӣ будан ва ё донишу таҷриба доштан, ҳаргиз маънои маърифати баланди ҳуқуқиву шаҳрвандӣ доштанро надорад. Зиракии сиёсӣ ва манфиатҳои халқу миллат ва оилаи худро аз манофеи бегонаву ғаразнок боло гузоштан маҳз аз худшиносиву ватандӯстӣ оғоз меёбад.
Яке аз омилҳои нигаронкунанда дар муҳити имрӯзаи мо зиёдшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соле нест, ки воқеаҳои синф ба синф, мактаб ба мактаб ҷангу ҷидол кардану ба якдигар кордзании хонандагон ба қайд гирифта нашавад. Чунин хислатҳои одамбадбинӣ, ҷангҷӯӣ, даст ба куштор задани  ҷавонон аз куҷо маншаъ мегирад? Ба назари мо, ба ҳоли худ гузоштани хонандагон, ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар накардани онҳо, лоқайдиву бемасъулиятии волидон, бештар тамошо кардани кинофилмҳои хусусияти зӯроваридошта, ба сайтҳои гуногуни аз назари идеологӣ вайрони интернетӣ пайвастан, ба ин асос шуда метавонад.
Расму оини тоҷикон дар давоми асрҳои тӯлонӣ арзишҳои волои инсониро дар худ нигаҳ дошта, ба тамоми ҳаводиси рӯзгор аз назари гуманистӣ нигаристааст. Аз ин сабаб, боз ҳам такроран ба фарҳангу адаби саршор аз ғояҳои инсондӯстии гузаштагонамон рӯ овардан, барои ҷавононро аз ин гурӯҳҳои ифротию ҷинояткор эмин доштан муфиду саривақтист.
Падару модарон бояд ба тарбияи маънавии фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд. Мо - омӯзгорон мушоҳида менамоем, ки баъзе хонандагон бо сарулибос ва телефону планшетҳои гароннарх ба мактабу донишгоҳҳо  меоянд, аммо ба омӯзиш заррае шавқ надоранд, аз навигариҳои техникаи муосир, вазъи сиёсии  ҷаҳон бехабаранд.
Мо вазифадорем ба насли имрӯз фаҳмонем, ки ҳар қадар бо донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ мусаллаҳ бошанд, муқовимати мафкуравии онҳо зидди ғояву ақидаҳои ифротӣ бештар таҳким меёбад. Тавре ки Пешвои миллат зикр намудаанд: “На танҳо волидону устодон, балки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ якҷоя амал намуда, барои аз байн бурдани ин ва ба ин монанд зуҳуроти номатлуб чораҳои зарурӣ андешанд”.
Зебуннисо САЪДУЛЛОЕВА,
омӯзгори Донишкадаи давлатии тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2017    №: 2    Мутолиа карданд: 2171

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед