logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ВА ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Тағйирот дар мақомоти прокуратура ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифтанд. Прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои савияи баланди тахассусӣ таъйин гардиданд.
Дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Сардорони раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони дорои таҷрибаву малакаи хуби роҳбарӣ ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъйин шуданд.
Дар дастгоҳи марказии раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ вобаста ба таҷдиди сохтор барои идомаи фаъолияти касбӣ афсарону мутахассисони баландихтисос сафарбар гаштанд. Қобили зикр аст, ки аксар кадрҳои таъйингардида ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ, соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъйингардида доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар идомаи суҳбат  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъйиншударо барои хизмати содиқонаву софдилона ба манфиати давлату халқи Тоҷикистон ҳидоят намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 1864

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед