logo

сиёсат

ЮЕ БИН: "МУНОСИБАТҲОИ ЧИН ВА ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ НАМУНАИ ИБРАТАНД"

4 январ аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 25 сол пур шуд. Дар робита ба ин хабарнигорамон бо Юе Бин, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамсуҳбат шуд:


- Ҷаноби сафир, дар зарфи 25 сол муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба сатҳи шарикии стратегӣ баромаданд. Аз диди Шумо, муҳимтарин омилҳои ин пешравию дастовардҳои бесобиқа дар чӣ ифода меёбанд?
- Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои хеле наздик, шарикони боэътимод ва бародарони қадрдон мебошанд. Мамлакатҳои моро кӯҳҳои осмонбӯсу дарёҳо ва роҳҳо ба ҳам мепайванданд. Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад.  Ҳанӯз 2000 сол пеш Роҳи бузурги абрешим нуқтаи ибтидоии равобити дӯстонаи халқҳоямонро ифтитоҳ намуд. Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон дар шароити мураккаб ва вазъияти зудтағйирёбандаи байналмилалӣ  аз имтиҳонҳои хеле сахт гузашта,  босубот ва самарабахш рушд меёбанд. 
Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин давлатҳое буд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 4-уми январи соли 1992 муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Дар давоми 25 соли муносибатҳои дипломатӣ боварии сиёсии ҷонибҳо ба ҳамдигар таҳким ёфт. Мамлакатҳои мо масъалаҳои марбут ба сарҳадро, ки аз таърих ба мо мерос монда буд, пурра ҳал намуданд. Ҷонибҳо Аҳдномаро “Дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонда, муносибатҳои шарикии стратегиро роҳандозӣ ва ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, ки ба марҳалаи наву муҳими рушди худ ворид мешаванд, тавсеа мебахшанд. Ҷониби Чин аз натиҷаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамояд ва ба ояндаи неки тавсеаи онҳо итминони комил дорад. Мамлакати мо имрӯз яке аз сармоягузорони умда ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва аз шарикони боэътимоди тиҷоратии он ба шумор меравад. Бе ягон муболиға гуфтан мумкин аст, ки муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.
Махсус таъкид карданиам, ки рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аз муносибатҳои дӯстона ва шахсии роҳбарони кишварҳо вобастагии калон дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 ба Чин сафари расмӣ анҷом доданд, ки дар муносибатҳои ҳар ду мамлакат саҳифаи нав боз кард. Ин сафари  нахустини хориҷии Сарвари давлати  Тоҷикистон буд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 12 - 14 сентябри соли 2014 бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Сарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳолат ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд. Аз натиҷаи гуфтушунидҳо сарони ду давлат «Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2015 – 2020» - ро қабул карданд, ки он ба таҳким ва рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои дарозмуҳлати мутақобилан судманд нигаронда шудааст.


- Дар доираи ин сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан дар қароргоҳи шаҳрии худ зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили шоми дӯстӣ табдил ёфт. Зикр карданиам, ки ҷаноби Си Ҷинпин сифат ва лаззати меваҳои Тоҷикистонро хеле таъриф карда, гуфтанд, ки дар Чин сабзавоту меваҳои Тоҷикистонро бо камоли майл мехаранд. Таъкид карданд, ки ин ба бунёди минтақаҳои озоди тиҷоратии Чин ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҷаноби сафир, Шумо ин нуктаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Воқеан, дар он шоми дӯстӣ, ки дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ Пен Лиюан, ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғи атрофи қароргоҳ, ки аксарашро худи Президент Эмомалӣ Раҳмон шинондаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон лаззат бурданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмони азизи худ меваҳои тару тоза ва хушкро туҳфа карданд. Ин воқеа меҳмоннавозии анъанавии мардуми тоҷикро равшан ифода мекунад.
Тавре ки маълум аст, меваҳои Тоҷикистон сифати баланд дошта, аз ҷиҳати экологӣ дар миқёси ҷаҳон тозатарин ба шумор мераванд. Чин бошад, беш аз 1 миллиард аҳолӣ дорад ва талаботи он ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати меваю сабзавот дар байни ҳар ду мамлакат хеле зиёд аст. Ҳоло Тоҷикистон миқдори зиёди  мева, аз ҷумла гелосро ба Чин содир менамояд. Мақомоти дахлдори кишварҳоямон дар масъалаи ба  кишвари мо интиқол додани меваҳои  аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла лимӯ, анор, ангур, меваҳои хушк гуфтушунид мекунанд. Ҳар ду диёр барои бунёди минтақаҳои озоди тиҷоратӣ то рафт бештар замина мегузоранд. 

   
- Дар манзари иртиботи пайвастаи сарони кишварҳо ҳамкории сохторҳои давлатӣ низ пайваста тақвият меёбад. Аз ҷумла, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун моҳи майи соли 2013 ба Тоҷикистон ташриф оварда, пешниҳод намуда буд, ки мубодилаи иттилоот байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин васеъ ба роҳ монда шуда, ҳамкории ҳар ду кишвар дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавсеа ёбад. Ҷаноби сафир, шумо ба сатҳи имрӯзаи ҳамкории Чин ва Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъаовар ва соҳаҳои дигари  таъмини амният чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Мубориза ба муқобили ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир вазифаи муқаддаси ҳукуматҳо ва мақомоти дахлдори мамлакатҳо, инчунин, ҷузъи муҳими  ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният мебошад. Айни ҳол, дар сарҳади Тоҷикистону  Афғонистон ҷиноятҳои вобаста ба  қочоқи маводи нашъаовар то рафт бештар содир мешаванд. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо назардошти ҳамин вазъият соли равон барои сохтмони бинои нави раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ёрии амалӣ расонда, миқдори зиёди таҷҳизоти назоратиро ҳамчун туҳфа пешниҳод кард. Чин ва Тоҷикистон ба қарибӣ дар яке аз ноҳияҳои  наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон барои ҳушдор додани гурӯҳҳои террористӣ машқи аввалини муштараки ҳарбӣ гузаронданд. Ҳукумати Чин тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ба Тоҷикистон дар ин самт ёрӣ расонда, дар мубориза ба муқобили таҳдидҳои замони муосир  муборизаи муштарак барад.


- Ҷониби Чин ба наздикӣ ташаббуси нави бузурги ҳамкориро дар шакли «Як камарбанд ва як роҳ» пешниҳод карда буд. Ҳамкории ду кишвар дар чорчӯбаи бунёди муштараки “Як камарбанд ва як роҳ”, ҳамчунин дар ҷодаи амниятӣ натиҷаҳои хуби барои мардумонамон воқеан ҳам судмандро ба бор меорад…
- Ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ» - ро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод карда буд. Ҳадафи он рушди мусолиматомез ва ҳамкории самарабахш, самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, ба роҳ мондани таълим дар мамлакатҳои ҳамдигар, ба даст овардани манфиатҳо ва ғанитар гардондани мамлакатҳои ҳудуди «Як камарбанд ва як роҳ» мебошад. Асоси онро принсипҳои мулоқоту машваратҳои муштарак, тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, рушди ҳамаҷонибаи давлатҳои аъзо, мустаҳкам кардани дӯстии халқҳои онҳо, боварию эътимоди сиёсӣ, вусъат додани равобити фарҳангӣ ташкил медиҳанд. Ин ташаббусро Ҳукумати Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар дастгирӣ намуданд. Дар давоми се соли охир дар бобати амалӣ сохтани ташаббуси мазкур натиҷаҳои чашмрас ба даст омаданд. Тоҷикистону Чин  «Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим» - ро якҷоя бунёд карда, дар сафи пеши ҷидду ҷаҳди давлатҳои ҳудуди «Як камарбанд ва як роҳ» қадам мезананд. Ҷонибҳо якдигарро дар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ намуда, дар умури байналмилаливу минтақавӣ ҳамдастиву мусоидати мутақобиларо ба роҳ мондаанд ва аз ин роҳ дар раванди таъмини сулҳу суботи минтақавӣ нақши назаррас доранд.
Аввалан бояд гуфт, ки ҳар ду мамлакат тадбирҳои сиёсии худро торафт бештар мувофиқ месозанд. Байни Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи олӣ ва баланди давлатӣ муколамаи доимии сиёсӣ ба роҳ монда шудааст ва дар ҷараёни он дидгоҳи усулии ҷонибҳо нисбат ба доираи васеи мушкилоти мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳое, ки ба рӯзномаи СММ ва СҲШ шомиланд, ҳамсон ва ё ба ҳам бисёр наздик мебошанд. Ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ» ба нақшаҳои миллии стратегии рушди Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Ин барои амалӣ сохтани ҳадафҳои бамиёнгузоштаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Мамлакатҳоямон дар миқёси ҷаҳон аввалин шуда дар бораи  ҳамкории муштарак барои бунёди «Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонда,  барои ташкили ҳамкории мутақобилан судманд Комиссияи ҳамкорӣ созмон дода, барои таҳияи нақшаи ҳамкории дарозмуддат якҷоя кор мекунанд.
Сониян, вақтҳои охир ҳамкории бевоситаи вазорату идораҳои ҳар ду мамлакат васеъ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар байни шаҳрҳои Урумчи ва Душанбе, Урумчи ва Хуҷанд хатсайрҳои ҳавоӣ фаъолият доранд. Навбати якуми сохтмони роҳи мошингарди Чин ва Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дода шуд. Айни ҳол, кишварҳо масъалаи ҳарчи зудтар оғоз ёфтани навбати дуюми сохтмони ин роҳро баррасӣ менамоянд. Бо ҳамин роҳ беш аз 70 дарсади молу маҳсулот дар байни Чин ва Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Сеюм, солҳои охир ҳамкории тиҷоратию иқтисодии кишварҳоямон сатҳи сифатан нав касб кардааст. Аз моҳи январ то моҳи октябри соли гузашта маблағи харидуфурӯши мол 760 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 – ум 24,5 дарсад афзуд.
Чорум, байни ду мамлакат харидуфурӯши озоди сармоя вусъати нав пайдо кардааст. Соли 2015 дар бораи харидуфурӯши сармоя ба маблағи се миллиард юан созишнома имзо шуд, ки он ба рушди тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ, инчунин, беҳтар сохтани  шароити молиявии ҳар ду мамлакат нақши муҳим бозид. Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, ки бо ташаббуси Чин таъсис ёфта буд, пеш аз ҳама, барои сохтмони роҳи мошингарди Душанбе - сарҳади Ӯзбекистон ба сифати барномаи нахустини хориҷӣ ёрии молиявӣ расонд. Ҳамаи ин боварию эътимоди халқҳои мамлакатҳоямонро мустаҳкам карда, барои ба роҳ мондани шарикии стратегӣ дар бунёди минтақаи «Як камарбанд ва як роҳ» шароити мусоид фароҳам меорад.


- Аз замоне ки масъулияти Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистонро ба уҳда доред, аз кадом шаҳру ноҳияҳои кишвари мо боздид кардед ва таассуротатон чӣ гуна аст?
- Ман беш аз як сол аст, ки сафири Чин дар Тоҷикистон мебошам. Бо Тоҷикистон шиносоии дерина дорам. Дар давоми бисёр солҳо дар гуфтушуниди намояндагони Чин ва Тоҷикистон дар масъалаи сарҳад иштирок доштам. Аз соли 1999 то соли 2002 дар Тоҷикистон ба сифати мушовири  масъалаҳои сиёсии сафорати Чин кор кардаам. Тӯли ин солҳо ба бисёр минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Боми ҷаҳон - Бадахшон,  зодгоҳи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Данғара, ҷузъи муҳимтарини Роҳи бузурги абрешим - шаҳри Хуҷанд сафар карда, дӯстони зиёд пайдо намудам. Ба ҳар ҷо, ки рафтам, маро бо эҳтиром пешвоз мегирифтанд. Манзараҳои дилкашу зебо, шароити хуби зиндагӣ, меҳмоннавозии тоҷикона  маро мадюн сохтаанд, ки зимни қабули меҳмон табассум аз лабонашон канда намешавад.
Ман ҳамчун дӯсти деринаи халқи Тоҷикистон аз дастовардҳои рӯзафзунатон дар давоми 25 соли истиқлолият ҳамроҳи шумо самимона хурсандӣ мекунам. Бовар дорам, ки Чин ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарони давлатҳоямон - Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъи мусоиди иҷтимоӣ ва тараққиёти босуръати иқтисодиро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум ба комёбиҳои нав ноил мегарданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 2169

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед