logo

иқтисод

БОНКҲО. ТАДБИРҲО САМАР МЕДИҲАНД

Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат, ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия супориш доданд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва пеш аз ҳама дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд.
Қобили зикр аст, ки таъсири буҳронҳои пай дар пайи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба низоми бонкии кишвар низ бетаъсир намонд. Яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар ҳимояи манфиатҳои пасандозгузорон ба шумор меравад. Ҳоло дар ин самт иқдоми мушаххас амалӣ мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо пешгирии ҳолатҳои ногувор, муназзамсозии низоми бонкии мамлакат ва қавигардонии эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо мебошад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти низоми бонкии кишвар қабл аз ҳама ба ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ нигаронда шудааст. Барои дастгирии низоми бонкӣ ва фаъолияти муназзами соҳа лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда омода мегардад, ки ба рушди босуботи низоми бонкии кишвар замина мегузорад.
Барои нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҳамчунин,  аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон “Стратегияи солимгардонии бахши бонкӣ то соли 2019” ва “Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” таҳия гардида, давра ба давра амалӣ гашта истодаанд. Ба қонунгузориҳои бонкӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки онҳо ҳангоми муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ баргардондани пасандозҳои шахсони воқеиро кафолат медиҳанд.
Эроду таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми бонкии мамлакат, бахусус Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати танзимгари низоми мазкур, водор месозанд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои зикргардида аз тамоми имконияту воситаҳо самаранок истифода баранд.
Бонки миллии Тоҷикистон баҳри бартараф кардани камбудию норасоиҳои низоми бонкии мамлакат ва дастгирии молиявии бонкҳои ба мушкилоти молиявӣ гирифторшуда дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи солимгардонии ҳолати молиявии бонкҳоро омода намуд ва айни ҳол дар амал татбиқ намудани он оғоз шудааст.
Роҳбари давлат рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкориро низ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ шуморида, зикр намуданд, ки дар ҷумҳурӣ тавассути татбиқи ислоҳот фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ густариш пайдо карда истодааст ва Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дохил шудааст.
Баҳри дастгирии соҳибкорӣ пешниҳоди қарзҳо ба соҳаи соҳибкорӣ сол то сол афзоиш ёфта, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баҳри афзун намудани қарздиҳӣ ба соҳаи соҳибкорӣ ба ташкилотҳои қарзии кишвар мунтазам тавсияҳо пешниҳод мегарданд. Тавре аз маълумоти омории расмӣ бармеояд, соли 2016 ба ҳисоби миёна 56 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои низоми бонкӣ ба бахши соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, равона шудаанд. Ин амал минбаъд низ тақвият хоҳад ёфт.
Пешвои миллат дар Паём ба муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ҷиҳати бештар ба кор ҷалб намудани занону духтарон дастур доданд. Таъкидҳо  ва дастуру ҳидоятҳо бори дигар собит месозанд, ки рушди соҳаи бонкдорӣ, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон доимо зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат қарор доранд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо низоми бонкии кишвар баҳри бартараф кардани мушкилу камбудиҳо дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор додаанд.
Сироҷиддин ИКРОМӢ, 
муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 1859

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед