logo

иқтисод

“СОХТМОНИ САБЗ” ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ЧӢ НАҚШ ДОРАД?

Вақтҳои охир масъалаи каммасраф будани техникаю технология мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Махсусан, мафҳуми “сохтмони сабз” хеле маъмул аст. Тадқиқоти бинокорони ҷаҳон нишон дод, ки ҳамаи биноҳои мавҷуда бештар аз 40 дарсад энергияи ибтидоӣ, 40 дарсад маводи ашёи хом, 67 дарсад неруи барқ ва 14 дарсад оби нӯшиданӣ истифода мекардаанд. Аз ин рӯ, бинокорон ба кор андохтани технологияи каммасрафи бунёди биноҳоро муҳим дониста, амалисозии “сохтмони сабз” – ро роҳандозӣ карданд. Мақсад аз “сохтмони сабз”, яъне бунёди “бинои сабз” самаранокии захираи энергия ва истифодаи оқилонаи масолеҳи сохтмонии гарминигоҳдорӣ, тозагии муҳити зист,  коҳиш додани таъсири манфии экология ба саломатии инсон ва таъмини сатҳи баланди зиндагӣ дар чунин биноҳо бо назардошти истифодаи технологияи пешқадам ва асбобу таҷҳизоти каммасраф мебошад. Масалан,  асбобҳои камхарҷи барқӣ, аз қабили лампаҳои каммасраф, дигар манбаъҳои алтернативӣ – батареяҳо ва панелҳои офтобӣ, шишаи фотоэлектрикӣ, ҳамчунин таҷҳизоти нигоҳдорандаи гармӣ, ба монанди дару тирезаҳои махсуси чӯбӣ, истифодаи маводи сохтмонии “пенополиэстерол”, ки аз ҷиҳати сарфаи вақт, маблағ ва нигоҳдории гармӣ мусоид аст, самаранок истифода мешаванд. “Бинои сабз”, ҳамчунин дар самти оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ тавассути ҷамъоварии оби борон ҳам манфиатовар мебошад. Зарур аст, ки ҳар як хона таҷҳизоти махсуси ҷамъоварии оби борон дошта бошад. Чунин система барои хонаҳои заминӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Он аксаран дар болои боми биноҳо насб гардида, барои обёрии заминҳо, шустани автомошинаҳо ва истифода дар ҳаммом муфид аст, ки хароҷоти кам дорад. Ҳамин тавр, бунёди “бинои сабз” дар саросари ҷаҳон яке аз роҳҳои манфиатовар ба иқтисодиёт ва ҳифзкунандаи солимии ҷомеа аз таъсири манфии экология ва ба ин васила мутобиқ шудан ба тағйири иқлим маҳсуб меёбад. 
Дар марҳилаи нави рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар барои расидан ба мақсадҳо ворид намудани чунин технологияҳо нақши пешбаранда мегузорад. Ин масъала дар Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шудааст: “Ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ масъалаи каммасраф будани онҳо ба инобат гирифта шавад”.
Тавре аз Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Парвиз Ҷабборов, иттилоъ доданд, ба кишвар воридоти технологияи ҳозиразамон бо назардошти бунёди корхонаҳои саноатӣ бомаром ҷараён дорад. Масалан, дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, сохтмони корхонаҳои металлургӣ ва сементбарорӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатҳои технологӣ бо таҷҳизоти замонавие ҷиҳозонда шудаанд, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз рӯйи бехатарӣ ба муҳити зист ва экология, сарфаи неруи барқ ва хароҷоти ба иқтисодиёт зараровар мутобиқ мебошанд. Дар соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ 85 техника ва технология ба маблағи 720,6 миллион сомонӣ ворид шудааст. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватаниву хориҷӣ зиёд буда, таваҷҷуҳи онҳо барои маблағгузорӣ ба рушди истеҳсолот тавассути воридоти технологияи нав рӯз то рӯз меафзояд.
О. ВАФОБЕКЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 2034

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед