logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛ ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати металлургии кишвар моҳи сентябри соли 2017 дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бузургтарин корхонаи истеҳсоли руҳу сурб дар Осиёи Марказӣ ба истифода дода мешавад. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкорони чинӣ - Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин бо иқтидори лоиҳавии 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бунёд мегардад. То имрӯз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, қисми асосии таҷҳизоти зарурии корхона ворид шудааст.  
  Феълан дар баробари бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ сохтмони се бинои хобгоҳ барои кормандон бомаром ҷараён дошта, наздики 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 1000 то 2000 сомонӣ таъминанд. Барои бунёди ин корхонаи бузург Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ харҷ мекунад.
Бино ба иттилои мутахассисони чинӣ, дар марҳилаи аввали фаъолияти корхона беш аз 500 нафар мутахассис соҳиби ҷойи кор шуда, баъдан ин рақам то ба 1300 нафар хоҳад расид. Аз рӯйи шартнома 70 дарсади  коргаронро мутахассисони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.
- Бунёди ин корхонаи азим дар масоҳати наздик ба 70 гектар имконият фароҳам меоварад, ки шаҳри Истиқлол ба як минтақаи саноатӣ табдил ёбад, - гуфт раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода. – Хишти нахустини корхонаи металлургиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2014 гузошта буданд. Солҳои баъдӣ, пас аз ин корхонаи металлургӣ, ки бо технологияи муосиртарин фаъолият мекунад, дар ин ҷо боз панҷ коргоҳи дигар оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ манфиатовар ба фаъолият оғоз карда, садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Корхонаи металлургӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ - хокаи сурбу руҳ, ки дар шаҳраки  Зарнисори шаҳри Гулистон коркард мешавад, фаъолият хоҳад кард. Барои коҳиш додани хароҷот дар ҳамлу нақли маҳсулоти нимтайёр ва паст кардани арзиши аслии маҳсулоти тайёри металлургӣ аз самти Зарнисор қариб 3 километр нақб мекананд.   
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳҳои азими саноатӣ, чун корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол, воқеан ҳам, дар самти коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ки Тоҷикистон захираи фаровон дорад ва истифодаи он баҳри некуаҳволии мардуми кишвар ва ободу зебо гардондани диёр нақши калидӣ мегузорад, яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.                                                                     
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 1932

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед