logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ: ТАВАҶҶУҲИ ХОС БА РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар ҳоле ироа шуд, ки кишвари  тозаистиқлоли  мо роҳи  тараққиёти чорякасраи хешро паймуда, ба марҳалаи нави  рушд ворид гардид.

Дар  Паёми имсола чун солҳои қаблӣ  ба масъалаи рушди маориф, чун  як  соҳаи  афзалиятнок диққати махсус дода шуд. Мо шоҳиди  бунёд  ва навсозии биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ,  аз ҷумла дар ВМКБ мебошем. Боиси ифтихори мо маорифчиён буд, ки расми ифтитоҳи  шуморе аз онҳо, ба мисли мактаби нави калонтарини вилоят ба номи генерал Мастибек Тошмуҳаммадов, дар ноҳияи Шуғнон, бо ширкати  Президенти  кишвар сурат гирифт. Соли гузашта барои рушди соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби маблағгузории буҷети маҳаллӣ  зиёда аз  106 миллион сомонӣ ҷудо  гардид, ки пеш аз ҳама, барои таҳкими заминаи моддӣ - техникӣ ва таълимии  муассисаҳои таълимию тарбиявӣ истифода шуд.
Соли сипаригардида тавассути Маркази миллии тестӣ наздик ба 2000 довталаб  ва 174  нафар  бо  квотаи  президентӣ  ба  мактабҳои  олии  кишвар  дохил  гардид. Бо  дастури  Пешвои миллат  барои   ноҳияи  дурдасти  Мурғоб  ба  таври  илова 100  квота ҷудо  карда  шуд. Ҳамзамон, дар ин давра  286 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба донишкадаву донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил гардиданд. Ҳамаи  ин  ба  беҳтар  гардидани таъминоти  корхонаву муассисаҳо  бо  кадрҳои  соҳибмаълумот  мусоидат  мекунад. Дар  баробари  ин,  Президенти  мамлакат  барҳақ  таъкид намуданд, ки кадрҳои навовар ва ихтироъкор ҳанӯз ҳам дар  ҷумҳурӣ  кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ   назаррас нестанд. Вобаста ба ин, Президенти  мамлакат баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таҳсилот яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи устодону омӯзгорон ва падару модарон арзёбӣ намуданд.
Дар панҷ соли оянда, тавре аз Паёми Президенти кишвар  бармеояд, Ҳукумат  ба  баланд  бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ диққати махсус равона месозад ва итминони комил дорем, ки маорифчиёни ҷумҳурӣ, минҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон ҷавобан ба ғамхориҳои афзояндаи роҳбарияти олии мамлакат вазифаҳои дар наздашон  гузошташударо  бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро менамоянд. 
Алигавҳар АЛИГАВҲАРОВ,
муовини сардори Раёсати маорифи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 2469

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед