logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. ОЯНДАИ ХОНАИ МО ДУРАХШОН АСТ

Тақдир дар ҳама давру замон барои ҳар як миллат шахсиятҳоеро ба арсаи зиндагӣ меорад, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ва таърихӣ нақше аз худ ба ёдгор мегузоранд. Хушбахтона, вуҷуди ин гуна шахсиятҳо барои ҳар як миллат мисли офтобест, ки пайваста гармӣ ва рӯшноӣ медиҳад ва миллату кишварро ба сӯи музаффариятҳои нав раҳнамун месозад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки 22 декабри соли 2016 ироа гардид, бори дигар собит менамояд, ки ҷомеаи кишвар бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои худ дар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ комёб аст. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми хеш таъкид намуданд: «Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи стратегии дар наздамон қарордошта, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем». Бешак, бо пурра амалӣ шудани ин се ҳадафи стратегӣ Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои пешрафта хоҳад шуд. Вақте ҳадафҳои сегонаи стратегии мазкурро баррасӣ менамоем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Тоҷикистон, аллакай, ба амалӣ намудани бахши бузурги он ноил гаштаасту барои рушду тараққӣ дар ҳамқадамӣ бо давлатҳои пешрафта қарор гирифтан тамоми заминаҳоро дорад.
Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшон бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар ин давра ба мо муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода диҳем. Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Ҳамзамон, дар бисту панҷ соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд шуданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук, кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳову ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.
Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд.
Талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат барои пешрафти тамоми соҳаҳо ӯро маҳбуби дилҳо гардонд ва мамлакат низ дар фурсати кӯтоҳ ба як кишвари ободу шукуфон табдил ёфт. Дар саросари кишвари офтобрӯяи мо имрӯзҳо корҳои созандагӣ дар авҷ буда, сокинони мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам шукуфо намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд. Мо талошҳои пайвастаи Президенти мамлакатро ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат хуб дарк намуда, бо масъулияти баланд барои фардои дурахшон ва зиндагии шоистаи мардум ҳамеша дар канори Сарвари муаззами худ хоҳем буд.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 1957

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед