logo

номаҳо

«ҶУМҲУРИЯТ» АЗ НИГОҲИ ХОНАНДА

Дар соле, ки рафт, рӯзномаи «Ҷумҳурият» бароям ва аҳли хонадонам аз нашрияҳои дӯстдоштанӣ буд. Шукр, ҳамчунон монд.

«Ҷумҳурият» барои мо бо чанд далели рӯшан қимати бештар касб намудааст. Нахуст, он қариб ҳар рӯз, дақиқтараш дар як ҳафта 5 бор нашр мешавад. Албатта, ин имкон фароҳам меорад, ки рӯйдодҳои неку муҳим зуду сари вақт инъикос биёбанд. Баъдан, кормандони идора, хоса аҳли эҷоди он, рӯзномаро ҷолибу хонданӣ кардаанд.
Ба мавзӯъҳои актуалӣ сари вақт рӯ меоранд ва дар ҳалли бисёр мушкилоти соҳаҳои гуногун бо нашри матолиб мусоидат мекунанд. Аз ин навиштаҳо маълум мегардад, ки на танҳо ба моҳияти масъалаҳои муҳиму бузурги ҳалталаб сарфаҳм мераванд, балки бо як ҷасорати хос онҳоро баррасӣ менамоянду роҳи ҳалли дурусташонро нишон медиҳанд.
Дар рӯзнома матлабҳои таҳлилӣ, танқидӣ бисёр ба табъ расиданд. Тавре аз нашри ҷавобҳои масъулони ташкилоту идора ва кумитаву вазоратҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо бармеояд, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва рушду пешрафти соҳаҳо тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Яъне, рӯзноманигор ва рӯзнома дар ин маврид рисолати худро ба пуррагӣ иҷро кардаанд.
Он гуна ки ба мушоҳида расид, матлабҳо мисли солҳои қаблӣ калон нашр нагардиданд. Воқеан, хонандагон дар ин шабу рӯз ба хондани мақолаву гузоришҳои хурд бештар рағбат доранд. Ин бори дигар собит сохт, ки бузургтарин масъалаҳову мушкилотҳоро дар ҳаҷми хурд ҳам таҳлилу баррасӣ кардан мумкин аст.
Забони навиштаҳо содаву равону фаҳмо буданд. Хатоҳои имлоӣ кам ба чашм расиданд. Ороиши матолиб ва саҳифаҳо сифати баландро касб карда буданд.
Саҳифаи «Шоми шанбе» - ро бесаброна интизор мешудем. Дар он матлабҳои хурдтару ҷолибтару хонданитарро ҷой медоданд.
Умуман, рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз нигоҳи мо, дар соли рафта аз мақоми хоса бархӯрдор шуд ва барои рушду пешрафти тамоми соҳа нақши чашмрас дошт. Ман ва аҳли хонадонамон бовар дорем, ки бо идомаи чунин иқдомҳову фаъолияти  хуб дар соли нав рӯзнома  дар миёни мардум маҳбубияти бештар пайдо мекунад. Аз 40 ҳазор гузаштани теъдоди нашрия дар соли нав гувоҳи ҳамин гуфтаҳост.
Ҳикматулло НЕЪМАТУЛЛОЕВ, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 5126

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед