logo

иҷтимоиёт

ФАРҲАНГИ БЕХАТАРӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

Дар ибтидои Соли нави 2017 ба хотири коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва дигар хатарҳое, ки ба саломатии кӯдакон ва кормандони таълимгоҳҳо таҳдиди эҳтимолӣ доранд,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ тадбири навбатиро роҳандозӣ намуд. Баъди омӯзиш ва мушоҳидаҳои дақиқ, ки дар он Ташкилоти ғайридавлатии Итолиё (Чезви) иштироки фаъол дошт, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ба номи Ф. Зарифови ноҳияи Рӯдакӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 шаҳри Кӯлоб чун муассисаҳои таҷрибавӣ (пилотӣ) интихоб шуданд. Дар муассисаҳо дар солҳои таҳсили 2017 – 2018 тамоми тадбиру озмоишҳо андешида мешаванд, аз ҷумла барномаҳо, дастурҳои методӣ мураттаб ёфта, усули ба таълиму тарбия ворид намудани тарзи коҳиш додани офатҳои табиӣ ва хатарҳое, ки дар натиҷаи муносибати нодурусти фаъолияти инсонӣ ба биноҳою саломатии кӯдакон хисороту зарар эҷод менамояд, муайян гашта, чун санади меъёрӣ пешкаш мегарданд.
Фарҳанги бехатарӣ чист? Мо барои омӯхтани он моҳи декабри соли 2016 ба Ҷумҳурии Арманистон дар ҳайати Ҷамшед Ҳасанов – масъули UNICEF  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуҳрат Неъматов – корманди Чезви, Аҳроридин Бобиев ва Ҷамшед Ҷумъаев – аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуҳратҷон Шоисматов – аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулсара Одинаева - директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 шаҳри Кӯлоб сафар намудем.
14 декабр дар конфронси байналмилалии СММ дар мавзӯи «Баланд бардоштани огоҳии ҷомеа василаи асосии коҳиш додани хатарҳои офати табиӣ ва рушди устувор» ширкат варзида, аз ҳисоботи омории СММ воқиф гардидем, ки рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар як сатҳ қарор надорад. Мушкилоту фалокатҳои глобалии қашшоқӣ, гуруснагӣ, эпидемия, сифатнокии таҳсилоту маълумот, нобаробариҳои гендерӣ, оби тозаи ошомиданӣ, тағйирёбии иқлим ва ба амал омадани офатҳои табиӣ мардумони кишварҳои гуногунро ранҷ медиҳанд. Ҳатто ба талафот ҳам рӯ ба рӯ мегардонанд. Аз ин ҷост, ки аз ибтидои соли 2016 СММ ба тариқи расмӣ барномаи дурнамои «Рушди устувор» - ро то соли 2030 барои паст кардани мушкилоту фалокатҳои табиӣ дар мактабҳо ба нақша гирифта, амалӣ карда истодааст.
СММ барои коҳиш додани мушкилоти фалокатҳои глобалӣ ҷаҳонро ба 10 минтақа ҷудо кардааст. Қафқоз ва Осиёи Миёна дар минтақаи 7 – ум қарор доранд.
Ҳадафи мо аз ин сафар ошноӣ бо маҷмӯи маълумоти ҳаётан муҳим оид ба коҳиши таҳдиди хатарҳо, омӯзиши методикаи назариявию амалии самарабахш, ки дар тарҳрезии нақшаю барномаи навбатии таълимгоҳҳо мусоидати фаъол менамояд,  иборат буд ва ба ин ҳадаф ноил гардидем.
Амиралӣ ШАРИФОВ,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№ 11 ба номи Ф. Зарифови ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 2447

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед