logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛҲОИ ТАҲКИМБАХШИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Ваҳдати миллӣ падидаи гуногунпаҳлу буда, дар заминаи иқтисод, сиёсат, забон ва фарҳанги муштарак, ки ҳаёти моддӣ ва маънавии ин ё он миллатро муайян мекунад, ба вуҷуд меояд. Дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ маҳз ба ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд. Ваҳдати миллӣ барои таҳким ва устувор шудани асосҳои Истиқлолияти давлатӣ мусоидат мекунад ва аз ҷониби дигар истиқлолият ваҳдатро ҳамаҷониба тақвият мебахшад.
Ваҳдат дар фалсафаю ирфони мо ҳамчун омили пирӯзӣ дониста шудааст. Дар адабиёт ва фалсафаи муосир бошад, мафҳуми ваҳдат бештар умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзои ҷомеаро мефаҳмонад. Имрӯз қариб дар ҳама тамаддунҳо ва ҷомеаҳо  ваҳдати миллӣ чун омили субот ва таъмини пешравии кишвар фаҳмида мешавад. Дар ҷодаи ба даст овардани ин ҳадаф саҳми низоми маориф беш аз пеш меафзояд ва рисолати эҷоди заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро ба дӯш дорад. Ин раванд табиист, зеро ҷомеае нест, ки дар пешрафти он низоми парваришу омӯзиш нақши чашмгир надошта бошад.
Нақши низоми маориф дар таҳкими ваҳдати миллӣ умдатан дар ду самт намудор мегардад. Он на танҳо барои афзоиши зарфияти неруи зеҳнии аъзои ҷомеа, инчунин дар дигаргунии рафтору шеваи зиндагии иҷтимоии мардум, аз ҷумла ҷавонон хизмат менамояд. Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифаи пурмасъулияти ҷомеапазирии иҷтимоию сиёсии насли ҷавони мамлакатро иҷро менамояд. Бинобар ин, ҳар қадар ин амалия самаранок анҷом ёбад, таъсири минбаъдаи он ба таҳкиму инкишофи ваҳдати миллӣ бамаротиб афзун хоҳад шуд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумлаи он ниҳодҳои шаклдиҳандае мебошанд, ки барои расидан ба ваҳдати иҷтимоӣ пайваста саҳм мегузоранд ва ҳисси садоқатро нисбат ба давлат, ҷомеа, эҳтиром ба муқаддасоти онро дар ҷавонон парвариш медиҳанд.
Раванди ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа моро ҳушдор медиҳанд, ки дар ҳифзи истиқлолияту ваҳдати миллии хеш беш аз ҳар вақти дигар фаъол бошем. Зеро ҳанӯз ҳам душманони сулҳу ваҳдати миллати тоҷик аз халалдор намудани зиндагии осоиштаи мардум даст набардоштаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки демократӣ будани ҳаёти ҷомеаи моро нишон медиҳад, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Ин падида ифодаи воқеии демократӣ будани давлати тоҷикон мебошад, ки дар баробари ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягона будан, моҳияти сохти давлатдории моро муайян мекунад. Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки баъзе гурӯҳҳо ба дунявияти давлат латма заданӣ мешаванд. Ҳизбҳои пайравикунанда аз мафкураи  исломи сиёсӣ, ки ба таври махфӣ ва ғайриқонунӣ дар баъзе кишварҳо амал мекунанд ва намояндагони ифротии онҳо гоҳо дар кишвари мо низ мехоҳанд амалҳои террористӣ инҷом диҳанд, амалан мухолифи ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Чун сухан аз ҳизби сиёсии динӣ меравад, бояд гуфт, ки Паёмбари ислом Муҳаммад (с) роҳбари ҳеҷ як ҳизбе набуда, ҳизбҳои сиёсии баъдан пайдошуда хилофи ақидаи Паёмбар буда, ба манзури ғасби ҳокимият ба воситаи зӯроварӣ, исломро дар ниқоби сиёсӣ ҷилва додаанд.
Бояд гуфт, ки ба қадри қувват гирифтани тамоюли ҷаҳонишавӣ дар баробари вусъати ҳамкориҳо, наздик шудани муносибатҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ хатарҳои ҷиддии идеологӣ ва иттилоотӣ низ ба миён меоянд. Бинобар ин, таҳкими боварӣ дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои давлат дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва аҳамияти ваҳдати миллӣ зарурати бештар касб мекунад. Зимнан, бояд дар баробари муборизаҳои иттилоотӣ ва гурӯҳҳои бадхоҳе, ки кӯшиши зери суол бурдани дастовардҳои сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамонро доранд, қавитару устувор бошем.
Д. ХОЛНАЗАРОВ,
унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
академик А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2017    №: 4    Мутолиа карданд: 1774

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед