logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. ТАНЗИМИ АНЪАНАҲО ТАНЗИМИ РӮЗГОР АСТ

Пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои сокинони кишвар шароити мусоиди баргузории маъракаи гуногун фароҳам омада, ба буҷети оилаҳо ва вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонд.

Сулаймон Холназаров, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, зикр намуд, ки соли сипаришуда дар ноҳия 2238 маъракаи гуногун гузаронда шуд.  Аз ҷумла, 1597 тӯйи домодию арӯсӣ, 132 хатнасур, 4 маросими хайриявии дастаҷамъона баргузор гардиданд, ки дар он 26 ҷуфт аз оилаҳои ниёзманд оила барпо кард. Аз ин рӯ, сокинони ноҳия зарурати татбиқи қонунро ба хубӣ дарк карда, талош меварзанд, ки аз меъёрҳои муқаррарнамудаи он берун амал накунанд. Бо вуҷуди ин, нуҳ ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзим ошкор гардида, соҳибони маъракаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд ва аз ин ҳисоб 26 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гашт.
- Моро зарур аст, ки фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро тақвият бахшем ва якҷо бо аҳли ҷамоатчигӣ бахусус, қишрҳои фаъоли ҷомеа, риояи пурраи талаботи қонунро таъмин намоем. Зеро роҳи ягонаи раҳоӣ аз исрофкорӣ ва таъмини некуаҳволии мардум риоя ва иҷрои талаботи қонуни танзим аст. Ба ин васила, баргузории базмҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона вусъат ёфта, дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷониби саховатмандон ба шахсони камбизоат ва фарзандони оилаҳои ятиму бепарастор ёрӣ расонда мешавад. Дар баробари ин, аз тарафи сокинони саховатпеша ба мактаб - интернатҳо, қисмҳои низомӣ ва беморхонаҳо пайваста маҳсулоти ғизоӣ дастрас мегардад, - иброз дошт Сулаймон Холназаров.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2017    №: 4    Мутолиа карданд: 2304

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед