logo

иҷтимоиёт

ЧАРО БО СОҲИРОН МУБОРИЗА НАМЕБАРЕМ?!

Сеҳр ё худ ҷоду, ба яқин, дар ҳоли афзудан ва густариш ёфтан аст, ки хоҳ - нохоҳ ба пешрафти ҷомеа ва аҳли он таъсири баду манфии худро мегузорад.

Сеҳр, инчунин сабаби нифоқ, ҷангу ҷидол ва душманӣ миёни дӯстону шавҳарону занон мегардад. Агарчи медонем, ки он ҳамзамон ҷисму рӯҳро бемор месозад ва низ асбоби қатл аст, муҳри хомӯшӣ ба лаб мениҳему барои барҳамзаданаш тадбирҳои судманд намеандешем.
Сеҳрро муҳаққиқону донишмандон аз бемориҳое донистанианд, ки ба ақида ва қалб асари баду шадид мегузорад. Аз ин рӯ, дину шариатҳо дар ҳар давру замон бо он муборизаҳои оштинопазир мебурданд ва муваффақ ҳам мешуданд. Дар Қуръони карим ояи 69 - и сураи Тоҳо омадааст: «Ва ҳеҷ гоҳ ғолибу растагор намешавад соҳир ҳар ҷое, ки равад».
Паёмбар (с) низ мефармояд: «Ҳар мусулмоне, ки пеши соҳир ва фолбин равад ва аз онҳо чизе пурсад ва гуфтаҳои онҳоро бовар ҳам накунад, чил шабонарӯз ибодаташ аз номаи аъмолаш хат зада мешавад. Борҳову борҳо дидаему шунидаем, ки ба ҳангоми ҷустуҷӯи чизе аз дарёҳо ва ё тоза кардани роҳҳои онҳо қуфлҳои зиёде пайдо намудаанд. Ин ҳама нишонаҳои одитарини сеҳр аст.
Аз гӯрҳо луъбатҳо (лухтакҳо) – и зиёде ёфтаанд. Онҳо аз сар то ба по бо бандҳову риштаҳо баста шудаанд. Бархе аз занҳо ниҳон аз ҳама таъвизҳоро дар дохили кафанҳо меандозанд. Ин ҳолатро одамон пай намебаранд ва бо майит дар гӯр ҷой мегиранд.
Ин мушт намунаи хирвор мебошад. Шаклу усулҳои сеҳр гуногун ва низ бешуморанд.
Баъзе аз ин соҳирон дар миёни мардум шинохта шудаанду барои бархе маҳбубанд. Чаро? Чунки ниятҳои бади худро ба василаи онҳо амалӣ мекунанд.
Гурӯҳе барои ҷудо кардани занону шавҳарон аз ин соҳирон ёрӣ мехоҳанд. Яке аз соҳирон барои навиштани ин гуна таъвиз, ки бояд дар шохаи дарахте биовезад, 100 доллари амрикоӣ талабгор мешавад. Ҳар амали соҳир ва таъвизҳояш нархҳои муайян доранд. Ин нархномаҳоро талабгорон ҳатто азёд медонанд. Вале донистан намехоҳанд, ки ин ҳама мардумфиребӣ ба хотири сарвати бе дарди миён ғундоштан аст, на чизи дигар.  Пас, ин соҳиронро чӣ гуна бояд шинохт? Мушкил нест. Онҳо нишонаҳои зиёд доранд. Хондани тӯмор ё худ таъвизи соҳирон бисёр душвор мебошад. Аз беморон ҳайвон ва ё мурғҳоро бо зикри рангҳо талаб менамоянд. Ва ҳам мегӯянд, ки онҳоро бе гуфтани «бисмиллоҳ» бикушанд. Бо хуну гӯшти онҳо гӯё беморро эм мекунанд.
Кас дар тааҷҷуб меафтад, ки бо шинохти ин ҳама сифатҳои раҳгумзадагону бародарону хоҳарони шаётин чӣ гуна бо дилпурӣ ба онҳо эътимод мебанданд. Рисолати мо – тамоми инсонҳо дар рӯи замин дигар аст. Агар онро намешиносем, ба яқин, аз доираи инсонҳои асил берун меоем.
Аз нигоҳи ислом ҷазои ҷодугар қатл аст. Албатта, сохти давлатдории мо дигар мебошад ва дар ин маврид ҳукми қатл ҷорӣ нест, аммо бояд дар доираи қонунҳои амалкунанда ба онҳо ҷазо таъйин бишавад.
Нахуст, ин афроди зарарноки ҷомеа бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, фаъолияташонро қатъ бинамоянд. Чӣ душворие дорад бо онҳо муборизаи беамон бурдан, ки ҳама дар канор нишастаему тамошобинем? Ин то ба кай идома меёбад? Охир онҳо на маъруфанду шуҳратёфта? Ва мо на суроғаи хонаи онҳоро медонем? Масъулон чиро интизоранд. Чӣ гуна меандешем ва кор мекунем?!
Абдулқодири РАҲИМ

P.S.: Нафароне низ ҳастанд, ки барои фиреби мардум ва ситонидани пули онҳо қисме аз амалҳои ин соҳиронро анҷом медиҳанд, ҳарчанд таъсири бад намегузоранд. Умуман, муроди ин ҳар ду гурӯҳ пул ба даст овардан мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 2085

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед