logo

номаҳо

"ОГОҲИНОМА" МЕФИРИСТАНДУ…

Тирамоҳ фаро нарасида ба номи соҳибони хона, аз ҷумла ба номи ман «огоҳинома» омад. Дар он хабар дода мешуд, ки дар мавсими гармидиҳии солҳои 2016 - 2017 гармтаъминкунии бинои истиқоматии мо ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин мо вазифадор гардидем, ки «дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин» хонаамонро бо радиаторҳо ва қубурҳо таъмин намоем. Дар акси ҳол нисбатамон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ, аз ҷумла ҷаримабандӣ, андешида мешавад.
Мутаассифона, ситодҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016 -2017 ба огоҳиномаи худ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Ё фаромӯш кардаанд, ки замоне ба сокинон чунин «огоҳинома» додаанд? Тавре ки навиштаанд, аксар дар муҳлати кӯтоҳтарин хонаҳоро омода намудем. Аз ҷумла барои ман осон набуд, ки дар беш аз се ҳазор сомонӣ масолеҳи заруриро бихарам, усто киро бикунам. Албатта, андешидам, ки мухолифат ва ё фориғболӣ сабаби ҷаримабандӣ мешавад. Ба ҷуз ин, бо хурсандӣ хостори гарм шудани хона будам.
Инак, зимистон рӯ ба рафтан дорад. Аз гармӣ нишоне нест. Мегӯянд, ки агар подъезди хонае ба пуррагӣ омода бошад, ба оби гарм таъмин мешаванд. Ду ҳамсояи мо бо амри «огоҳинома» рӯйирост мухолифат меварзанд. Мегӯянд, ки барои мо оби гарм зарур нест. Ва гӯиё мо ба ин сабаб аз гармӣ маҳрумем. Куҷоянд ситодҳо, ки назорат бибаранд? Ва ё аз андешидани «чораҳои маъмурӣ, аз ҷумла ҷаримабандӣ оҷизанд»? Агар оҷизанд, пас, чаро «огоҳинома» мефиристанду эътиборашонро  ба бемасъулиятӣ поён мефароранд?
Н. АЗИМОВ, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 4720

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед