logo

иқтисод

КИШОВАРЗОН АЗ ХИЗМАТИ МХТ ҚАНОАТМАНДАНД

Барвақт фаро расидани боришот ва хунукиҳои имсола кори кишоварзони ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро душвор гардонд. Аҳли заҳмат аз ҳар рӯзу соати офтобӣ пурсамар истифода бурда, аз ғӯзапоя тоза кардани пахтазор, шудгору кишт ва ҷӯю заҳбурканиро муташаккилона анҷом дода истодаанд.

- Ноҳия 16 ҳазор гектар замини кишти обӣ дошта, дар заминаи 10 собиқ хоҷагии калони зиёда аз 6,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст, ки ба пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорию парандапарварӣ машғуланд, - мегӯяд раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло. – Дар ноҳия 793 техникаи шудгоркунанда мавҷуд аст, ки аз онҳо 600-тоаш коршоям мебошад. Техникаи мавҷуда барои пеш бурдани фаъолияти пурмаҳсули хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон намедод. Аз ин рӯ, барои пешбурди корҳои саҳроӣ ва дастгирии кишоварзон дар арафаи соли нав Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» маркази хизматрасонии техникӣ кушод, ки бо техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳоло кишоварзон аз хизмати беминнати маркази хизматрасонии техникӣ истифода мебаранд.
- Корхонаи мо бо техникаю таҷҳизоти кишоварзии зарурӣ таъмин мебошад, - мегӯяд сарвари маркази хизматрасонии техникӣ Файзиддин Маҳмадалиев. – Ҳамчунин дар ин ҷо коргоҳҳои оҳангарӣ, кафшеркунӣ, харротӣ, ташхиси асбобҳои барқӣ фаъол буда, челонгарони ботаҷриба ба хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат мерасонанд. Бо таъсиси коргоҳи мо 12 мутахассиси ботаҷриба соҳиби ҷойи кори хуб ва маоши баланд шуд.
Мавриди зикр аст, ки маркази хизматрасонӣ бо комбайнҳои  муосири истеҳсоли Олмону Федератсияи Русия, ки нисбат ба комбайнҳои куҳна маҳсулнокиашон 17 – 20 дарсад зиёд аст, бо тухмипошаку ҷӯяккашакҳои истеҳсоли Туркия ва тракторҳои шудгоркунандаи истеҳсоли Беларусу ҶДММ «ТоҷИрон» таъмин буда, хизматрасонӣ ба кишоварзон ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) пешниҳод  мешаванд.
Ҳар рӯз ба МХТ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ даҳҳо дархост ворид шуда, кишоварзон аз техника ва таҷҳизоти нав истифода бурда, самари бештар ба даст меоранд.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 1781

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед