logo

фарҳанг

СОДИҚ БУД ВА СОДИҚ МОНД. ДАР БОРАИ СУЛТОН МИРЗОШОЕВ

Султон Мирзошоев ҳанӯз аз солҳои 50 – уми  асри гузашта чун ходими ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ ба арса омада, дар пешрафти кишвар саҳми босазо гузошт.
Ӯ сар аз омӯзгори одӣ дар вазифаҳои масъулиятноки роҳбари созмони ҷавонон, вазири фарҳанг, раиси кумитаи кинематография, котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияву вилоят, намояндаи ҷумҳурӣ дар назди Шӯрои вазирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, нахустин роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Саҳми Султон Мирзошоев дар рушди фарҳанги ҷумҳурӣ шоёни таҳсин аст. Бахусус, ӯ барои нумӯи кинематографияи миллӣ саҳми босазо гузоштааст.

Он солҳоро ба хотир оварда, дар китобаш  «Дар пайванди ду аср» чунин менигорад: «Масъалаи мубрами дигар, дарёфти мавзеи наворбардории филмҳо барои киностудия буд. Бо Обид Ҳомидов дар деҳаи Симиганҷ (ҳудуди ҳозираи шаҳри Ваҳдат) майдончаеро иборат аз ду гектар интихоб кардем. Директори совхоз Асадулло Қосимов хоҳиши ба мо ҷудо кардани заминро надошт. Ман ду – се маротиба бо котиби якуми райком Василий Ермолаевич Захватов вохӯрдам. Ниҳоят қарори ҳукумати ноҳия баромад ва киностудия оҳиста – оҳиста он мавзеъро аз худ кард».
Солҳои пеш масъалаҳои вобаста ба фарҳанг на танҳо дар сатҳи ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист, балки Шӯрои Олии кишвар низ ҳаллу фасл мешуданд. Аз ҷумла, дар яке аз сессияҳои Шӯрои Олӣ масъалаи беҳтар намудани корҳои маданӣ – равшаннамоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мирзошоев мебинад, ки муовини Сарвазири вақти ҷумҳурӣ Махфират Каримова дар маърӯзаи хеш аз санъати кино ёд намеорад. Бар хилофи қоидаҳои мавҷуда, ки музокирачиён бояд пеш аз баррасии ин ё он масъала барои ширкат худро номнавис намоянд, Султон Мирзошоев якбора даст бардошта, хоҳиши сухан гуфтан менамояд. «Рости гап, аламовар аст, ки дар маърӯза оид ба соҳаи кино, ки «яке аз муҳимтарин соҳаҳои санъат» маҳсуб мешавад, чизе гуфта нашуд», - ба сухан оғоз менамояд Мирзошоев. Баъд ин воқеаро ба ёд оварда, чунин менигорад: «Қабл аз ҳама, суол гузоштам, ки барои чӣ ҳукумат санъати кино, намоиши онро дар ҷумҳурӣ ба қатори яке аз намудҳои муҳими маданият намеҳисобад? Оё кино ба маданияту равшаннамоӣ хизмат намекунад? Дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон, ки он ҷо на театр мераваду на телевизион намоиш дода мешавад, кино воситаи ягонаи шиносоӣ бо санъату маданияти ҷаҳониён аст… Хуллас, дарду алам ва нуқсону камбудиҳои соҳаро ба маълумоти намояндагони халқ расондам». Баъди ин ҳукумат муносибаташро ба соҳаи кинематография дигар карда, ба ҳалли мушкилоти он пардохт.
 Он солҳо давраи сермаҳсултарин ё давраи тиллоии «Тоҷикфилм» ба шумор мераванд. Дар ин айём филмҳои «Бо амри дил» (режиссёр Б. Кимёгаров, 1968) ва «Рояли сафед» (М. Маҳмудов, 1968) офарида шуданд, ки намунаҳои беҳтарини кинои миллӣ маҳсуб меёбанд. Аксари филмҳо бо ҷоизаҳои гуногун қадр шудаанд. Филмҳои  Б. Кимёгаров «Достони Рустам» (1971) ва  «Рустам ва Суҳроб» (1971) сазовори ҷоизаи аввали Фестивали Тифлис (1972) ва ҷоизаи махсуси маҷаллаи «Советский экран» гардиданд. Барои офаридани ин шоҳкориҳо Б. Кимёгаров бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр шуд. Ҳунарманди шаҳири тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов барои иҷрои нақши асосӣ дар филми «Ситорае дар тирашаб» - и А. Раҳимов ва И. Усов ба ҷоизаи махсуси кинофестивали Алмаато (1973) сазовор гашт.             
Султон Мирзошоев дар кадом вазифае, ки фаъолият карда бошад, масъулиятшинос ва сарсупурда будани худро собит менамуд.
Ӯ дар ёддоштҳояш доир ба инсон ва рисолати азалии ӯ ва  масоили вобаста ба қазову қадар чунин нигоштааст: «Сисерони бузург садсолаҳо қабл ба оламиён таъкид намудааст, ки ҳар бурду бохти зиндагии инсон аз худи ӯ вобаста аст. Тақдир бошад, бандаҳоро бо роҳи пурпечутоб, аз оғози чашм во кардан то ба вопасин лаҳзаи нафас, пойбанди нақшааш қарор медиҳад. Ҳолдонҳо ақида доранд, ки «тақдир ҳаст ва тақдирҷунбон ҳам». Аҷаб нест, ки ин мақол ҳам ҷон дошта бошад. Вале, ба воқеию рост будани панди Сисерони бузург шакку шубҳае нест. Таърих ба мо аз гузашта нақл мекунад, панд мегӯяд, пеши назарамон чеҳраҳои бузурги оламиёнро меорад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки дар ин ҷаҳон ҳама гузарост ва муҳимтар аз ҳама «некӣ бимонад ҷовидон». Ман худро шахси таърихӣ ҳисоб намекунам. Чун ҳамватанон ба қадри қуввату дармонам, донишу таҷрибаам баҳри ободию шукуфоии кишвари азизам заҳмат кашидаам ва аз ин хок, ки маро нону намакаш, замини муқаддасу решаҳои ориёияш, кӯҳҳои сарбаланду осмонбӯсаш, рӯдҳои сафобахшу меҳри модариаш, бо навозиш тарбия намудааст, то вопасин рӯзҳои ҳаётам қарздор ҳастам».
Султон Мирзошоев гарчанде худро шахси таърихӣ намешуморад, вале ба ғояҳои миллӣ содиқ будани хешро ба нақди ҷон собит намудааст. Вай дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият намуда, то дилаш дар сандуқи синааш метапид, хизмати халқро ба ҷо овард ва исмашро дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон ба таври абадӣ сабт кард.
Муҳаммадулло ТАБАРӢ, "Ҷумҳурият",
Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 3460

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед