logo

иҷтимоиёт

ИСФАРА. САМАРИ ЯК ТАҶРИБА

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, сабабҳои воқеии пурра иҷро нагардидани нақшаи даромади андозҳои давлатӣ, зарурати пешгирии санҷишҳои пайдарпайи фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти назоратӣ, масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави аҳолинишин, ба низом овардани ҳолати ҳудуди бозори марказӣ ва роҳҳои атрофи он, сохтмони Неругоҳи ҳароратии Шӯроб, аз нав таҳия намудани рӯйхати шахсони камбизоат аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода дар гуфтугӯи мустақими радиоӣ (радиои маҳаллӣ) бо мардум мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳадаф аз баргузории ин гуфтугӯи мустақими радиоӣ таъмини  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинон, вусъати ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ, омӯзиши афкори ҷомеа оид ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи мардум, дар маҷмӯъ дарёфти роҳҳои беҳсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардондани Исфараи бостонӣ буд.
Бо натиҷабардорӣ аз раванди гуфтугӯи мустақими радиоӣ дастгоҳи раиси шаҳр нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро  иборат аз 30 банд таҳия намуд. Ҳамзамон, пешниҳодҳои мушаххаси вобаста ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр ҳамчун самтҳои афзалиятнок ба нақшаи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои соли равон ворид  мешаванд.
Тибқи дастури дигари  раиси шаҳр дар соли равон  муовинони соҳавии ӯ низ дар гуфтугӯҳои мустақими радиоӣ ва телевизионӣ ширкат варзида, вобаста ба соҳаи марбутаи худ  бо мардум ба таври ошкоро гуфтугӯ хоҳанд кард. Иқдоми мазкур, бешак, ҷиҳати масъулиятшиносӣ ва самаранокии фаъолияти муовинон, ҳалли муҳимтарин масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва беҳбуд бахшидани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунон, бо истифода аз интернет бо 20 соҳибкори зодаи Исфара, ки дар Русия, Қазоқистон, Олмон, Норвегия, Шведсия ва Амрикову Зеландияи Нав фаъолият доранд, аз тариқи онлайн дар тамос шудааст. Дар ҷараёни ин мулоқот байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва соҳибкорон 5 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ ба имзо расидааст.
Иқбол ТЕШАЕВ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 2364

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед