logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ҲАЛЛИ ЯКЕ АЗ ПРОБЛЕМАҲОИ ҲАЗОРСОЛАИ НАВ

Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва мубрам, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, ин дар доираи муносибатҳои  байналмилалӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба проблемаи таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист,  масъалаи зарурати  ҳифзи захираҳои обӣ, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад. Баёнгар ва тақвиятбахши ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об бевосита  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ин ибтикори башардӯстонаашон дар сатҳи баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии хамаҷонибаи худро ёфтааст.
Дар маҷмӯъ, аз соли 2000 - ум то инҷониб бо ташаббуси Тоҷикистон 7 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гаштааст. Аз ҷумла, бо ибтикори Пешвои миллат Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ, аз 20 декабри соли 2000, таҳти рақами 55/196  қабул гашт ва  соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии «Оби тоза» эълон гардид. Дар доираи он моҳи августи соли 2003 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш заминаи мусоидро барои ташаббусҳои ояндаи Тоҷикистон фароҳам овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди СММ дар Иҷлосияи 58-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳал намудани масъалаҳои  марбут ба об бо ташаббуси навбатӣ - эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» суханронӣ намуд. Пешвои миллат зикр карданд, ки: «Нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар миқёси ҷаҳон тақрибан як миллиарду  200 ҳазор нафар аз истифодаи оби тоза маҳрум мебошад, ҳар сол зиёда аз панҷ миллион нафар аз бемориҳое вафот мекунанд, ки ба истифодаи оби ифлос вобастаанд. Аз рӯйи ҳисоби муассисаҳои озуқа ва кишоварзии СММ баъди 30 сол барои бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ нисбат ба давраи ҳозира зарурати 60 фоиз истифодаи бештари об ба миён хоҳад омад».
Сарвари давлат ҳанӯз дар он солҳо мушкилоти пешомада ва набзи ҷаҳони муосирро дарк намуда, бо як ташаббуси ҷадиде баромад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф буда наметавонист. Ташаббуси мазкур бо қабул намудани қатъномаи дахлдор таҳти рақами  58/217, аз 23 декабри соли 2003,  қабул гашт. Чунонки маълум аст, даҳсолаи мазкур ба итмом расид ва натиҷагирии он низ дар пойтахти кишвар моҳи июни соли 2015 сурат гирифт.  Инчунин, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ду муколамаи интерактивӣ оид ба натиҷагирии миёнамуҳлати даҳсолаи мазкур гузаронда шуд.
Натиҷаҳо ва дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар миқёси ҷаҳон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбат ва назаррас баҳогузорӣ шудаанд. Аз ҷумла, маҳз ба шарофати ин даҳсола дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасинадошта тақрибан ба 700 миллион нафар коҳиш дода шуд. Вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд зикр намуд, ки дар доираи даҳсолаи мазкур 1,648 миллиард доллари ИМА сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаи обу энергетика  ҷалб карда шуданд, ки дар натиҷа тақрибан 1,5 миллион аҳолии кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ  пайдо намуд.
Ҳарчанд дар чорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз тақрибан  аз 750 миллион то 1 миллиард нафар ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Тағйирёбии иқлим ва дар натиҷа ба бор омадани ҳодисаҳои табиӣ, имрӯзҳо тақрибан дар ҳаҷми 60 миллиард доллари ИМА  хисорот ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон мерасонад. Давоми 5 соли охир ба иқтисодиёти кишвари мо  аз офатҳои табиии вобаста ба об 600 миллион доллар хисорот ворид шудааст. Тибқи таҳлилҳо ва арзёбии коршиносони байналмилалии соҳа, соли 2030 ҳаҷми  об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди хатарнок,  яъне  камтар  аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд зикр намоем, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 60 - уми асри гузашта ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд.
Моҳи августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Анҷумани байналмилалии сатҳи баланд гузаронда шуд ва дар он ҳадафи 6 - уми рушди устувор мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Ҳамаи ин пешниҳодҳо, ҳамоишҳо, ташаббусҳо ва талошҳо бе натиҷа намонд ва хушбахтона, чунонки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, Даҳсолаи пешниҳодгардидаи «Об барои рушди устувор» 21 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи умумии  Созмони Милали Муттаҳид  бо тарафдории 177  кишвари дунё  дастгирӣ ёфт ва қатъномаи дахлдор низ қабул гашт.
 Даҳсолаи нав дар доираи натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва  ҳадафи шашуми рушди устувор, яъне дастрасии умум ба об ва беҳдошт амалӣ мегардад. Тибқи ҳадафи шашуми рушди устувор дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ 6 ҳадаф - таъмини тамоми аҳолии ҷаҳон бо оби ошомидании тоза ва бехатар; таъмини тамоми аҳолии ҷаҳон бо шароитҳои мусоиди беҳдоштӣ, аз ҷумла барои занон ва кӯдакон; баланд бардошти сифати оби ошомиданӣ; баланд бардоштани  усули истифодабарии об дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши кишоварзӣ; таъмини идоракунии захираҳои обӣ дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла дар асоси ҳамкории наздисарҳадӣ; таъмин ва ҳифзу барқарорсозии системаи экологӣ вобаста ба об, аз ҷумла пиряхҳо, дарёҳо ва кӯлҳо гузошта шудааст, ки бояд то соли 2030  амалӣ гарданд.
Қатъномаи қабулгардидаи марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ба Дабири кулли СММ андешидани тадбирҳои заруриро барои банақшагирӣ ва ташкили фаъолият дар доираи даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ бо дастгирии механизми байнимуассисавии «СММ - захираҳои об» пешниҳод менамояд.
Зикри як нукта муҳим аст, ки  натиҷаҳои  ташаббусу ибтикорҳои Пешвои миллат барои баланд бардоштани обрӯю эътибори кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти бузург доранд. Ҳадафҳои Даҳсолаи нав Тоҷикистонро ба иҷрои ду ҳадафи стратегии давлат, яъне   расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ хоҳад расонд.  Ба ҳам мувофиқ омадани эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018 - 2028  ва  қабули «Стратегияи миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  барои Ватани азизамон фоли нек  мебошад.  Яъне, дар ҳамбастагии  ин ду барнома, дар ҳолати татбиқи оқилона ва меҳнати босамару софдилонаи халқи азизамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум  мусоидат хоҳад намуд.
Худобердӣ ХОЛИҚНАЗАР,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 1323

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед