logo

сиёсат

АЗ ТАБОРИ ХИРАД

Таърихи тамаддуни инсонӣ гувоҳ аст, ки ҳамаи низоъҳои байни давлатҳо ва муноқишаҳои дохилии шаҳрвандӣ ба шарофати мардони бохирад бо сулҳу салоҳ ва ваҳдат интиҳо ёфтаанд. Ҷанги таҳмилии тоҷикон, ки дар ибтидои солҳои 90 - уми асри  гузашта ба вуқӯъ пайваст ва ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол хисороти зиёде ворид намуд, бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  27 июни соли 1997 дар шаҳри  Москва  ба анҷом расид. Аз лаҳзаи имзо шудани ин санади таърихӣ қариб 20 сол гузашта бошад ҳам, таҳқиқ ва  пажӯҳиши сабабҳои муноқиша ва роҳҳои ба даст даровардани сулҳу салоҳи тоҷикон аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 2013  иброз намуда буданд, ки «Мо - мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки  бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад… Мо бояд шукр кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидем».
 Баъд аз пош хӯрдани  давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи олам як қатор давлатҳои мустақил сабт гардиданд, ки дар байни онҳо  Тоҷикистони соҳибистиқлол низ қарор дорад. Вале истиқлоли тозабадастовардаи мардуми мо бо як қатор сабабҳои объектививу субъективӣ ба  оромию осудагӣ наовард. Сабаби асосии ҷанги таҳмилӣ дар он буд, ки сиёсати пешанамудаи давлати абарқудрати Шӯравӣ то андозае худхоҳона сурат мегирифт ва умдатарин тадбирҳои эҳёи суннатҳои аҷдодиву миллиро ба инобат намегирифт.
 Дар нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми асри ХХ дар натиҷаи пеша кардани сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ масоили мубрами сиёсати миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рӯи об баромаданд. Тараққиёти нобаробари иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Тоҷикистон, инфрасохтори заифи муносибатҳои коммуникатсионӣ ва аз ҳам канда будани ноҳияҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон, ба назар нагирифтани арзишҳои диниву мазҳабӣ ва ғояҳои маънавии ниёгон  сабабҳои ба вуқӯъ омадани муноқиша мебошанд.
Баробари ин, бояд дигар сабабро ба тараққиёти иқтисодии ноҳамвору нодуруст ва яксамтаи ҷумҳуриамон вобаста донист. Ҷумҳурие, ки ҳамчун кишвари истеҳсолкунандаи маводи хом ба ҳисоб мерафт, дар асл ба молҳои ниёзи мардум эҳтиёҷи калон дошта, сатҳи зиндагиаш назар ба ҷумҳуриҳои дигар дар сатҳи хеле паст қарор дошт.   
Ҳамчунин, худношиносиву бегонапарастӣ ва тафаккури дастнигарона доштани иддае аз  роҳбарону зиёиёни мамлакат, ки танҳо ба гузаштаи хеш кӯр-кӯрона назар мекарданду худ баҳри шинохти хеш аз иҷрои ночизтарин иқдоми худшиносӣ хештанро барканор мекашиданд. 
Бар замми ин ҳама нуқсонҳо, мавқеи ҷуғрофии мамлакатамон, ки дар сари чорраҳаи тамаддуни мухталифи давлатҳои хурду бузург қарор гирифта, аз қадимулайём бо табиати дилфиребу боигариҳои зеризаминии хеш шуҳрати  ҷаҳонӣ дорад, орзуҳои хуфтаи деринаи тамаъҷӯёну судхоҳони берунаро бедор намуд ва эшонро бар он водор кард, ки ҷиҳати дастёбӣ ба ин мақсади нопоки хеш вориди арсаи сиёсат гарданд ва раванди ҳодисотро ба маҷрои хоҳиши худ бигардонанд.
Ҷанги таҳмилӣ оғоз гардида, дар андак муддат тамоми қаламрави қисмати ҷанубу маркази мамлакат – шаҳри Душанберо фаро гирифт.  Кор ба ҷое расид, ки сухан аз будану набудан ва маҳву нобудии на танҳо як қисми кишвар, балки аз саҳифаи таърих хати батлон кашидани номи миллати тоҷик ва давлату давлатдории он ба миён омад.
Дар ин вазъи ҳассосу мураккаб неруҳои хайрхоҳ ва ватандори асилу миллатдӯсти воқеӣ муттаҳид гардида, баҳри ворастагӣ аз ин гирдоби бало тадбирҳои мушаххас андешиданд ва ба хулосае омаданд, ки бояд дар атрофи шахсияте гирд оянд, ки воқеан ҷонфидо ва дардошнои  мардум бошад. Бо ин мақсад намояндагони мардум дар шаҳри бостонии Хуҷанд,  дар Қасри Арбоб ҷамъ омаданд.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти бениҳоят ҳассос баргузор гардид ва намояндагони мардумӣ аз миёни иштирокчиёни иҷлосия ҷавонмарди 40-сола Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Сарварии ҷомеаро пазируфтан дар вазъияти басо муташанниҷ кори саҳлу осоне набуд. Чунки иҷлосияи мазкур дар давроне мегузашт, ки ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошт ва мамлакат дар гирдоби буҳрони нобасомониву гирудору парокандагӣ қарор дошт.
Андешае пеш меояд, ки чаро намояндагони мардум маҳз ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таваққуф намуданд? Чанд омилу далелҳои мантиқиро барои ҷавоб ба ин савол  метавон гуфт. Бояд ба инобат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат шахси тасодуфӣ набуд, балки  бо суханрониҳои  мантиқасоси худ дар миёни намояндагони мардумӣ ҳамчун сиёсатмадори асилу дурандешу дардошно ва меҳанпарасте, ки мушкилоти ҷомеаро амиқ эҳсос менамояд, мавқеи муайяну устувори худро дошт.
Эмомалӣ Раҳмон  бо муносибати  самимона ва дилёбии худ  дар байни намояндагони мардумӣ эҳтироми ҳамагонро сазовор гардида буд. Мавсуф бо ҳадафи дурбинона ва  сиёсати пешгирифтаи худ, ҳанӯз дар айёми ҷанги бародаркуш - соли 1992 ба Бишкек сафар карда, ба доираи сиёсатмадории бузург роҳ ёфта, ҳатто бо сарварони мамолики ҳамсоя як ба як мулоқот намуда, вазъияти муташанниҷи кишварамонро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода буд.
Эмомалӣ Раҳмон бо қиёфаи нурониву чеҳраи ҷозибадори тоҷиконаи худ ва суханронии бомантиқ ва  лаҳни шевояш мақбули омма гардида буд. Маҳорати баланди  суханварӣ ва афкору пешниҳодоти қобили қабулаш дар он даврони ҳассос таъсири зиёд дошт. Ҳанӯз дар лаҳзаҳои  шадиди сангарнишинии мардумамон аз минбари баланди мақоми  қонунбарори давлат  - Маҷлиси Олӣ тарзу пешниҳоди заруриро ба намояндагони халқ иброз медошт ва ба ин васила мардуми гумроҳро ҳушдор медод, ки ҳеҷ гоҳ лӯхтаки  дасти бегонагон нагарданд, рӯзҳои нек дар пешанд.
Баробари ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон ва аз тариқи раъйдиҳии вакилони халқ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуданаш - ин шахсияти номбардори воқеӣ ва фарзанди асили миллат ба таҳкими пояи фалаҷгардидаи давлати миллӣ, иқдомоти ҷоннисорона ва хирадмандонаву меҳанпарастонае намуда, оташи хонумонсӯзу фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард.
 Дар ибтидои фаъолияти худ таҷрибаи ғании мардумпарварона доштани Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки баробари Сарвари давлат интихоб шудан, иброз намоянд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
 Ҷасорати бемисли Эмомалӣ Раҳмон  имкон дод, ки бо ибтикори бевоситаи хеш ба яке аз мавзеъҳои бисёр ҳассоси Афғонистон - Хосдеҳ (10 - 11 декабри соли 1996) ҷиҳати мулоқот бо роҳбари мухолифини мусаллаҳи тоҷик сафар намоянд. Ин гуна шуҷоатмандиро Эмомалӣ Раҳмон  борҳо дар лаҳзаҳои ҳассос нишон дода, ба дили мардум роҳ ёфтанд. Барои истиқрори сулҳи деринтизор бо раҳнамоиву кӯшишу талошҳои пайгиронаи ин марди шарифу инсони наҷиб тайи се солу се моҳ - аз соли 1994 то 1997 бо мухолифин бисту як маротиба музокироту гуфтушуниди расмӣ баргузор намуданд. Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷати таҳиягардида  бо имзои шахсии худ раъйи хешро изҳор доштанд. Инчунин, тавассути истифода бурдани косенсус ва созиш, эҳтироми ҳарифи сиёсӣ масъалаи ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиши гуноҳи ҳамдигар ба вуқӯъ пайваста, оқибат ба сулҳу ваҳдати воқеӣ замина фароҳам овард.
Дар роҳи пешгирифтаи хеш  тавонистанд тарафҳои даргирро ба ҳадафи умдаву асосӣ, ки боиси ваҳдату ифтихори миллист, ба ҳам пайванд бидиҳанд. Ин гуна тарҳандозии дурбинонаи созандагӣ омили ба вуҷуд омадани мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон гашт, ки қабат бар қабати аёну ноаёнаш худогоҳиву маърифатнокӣ ва бедориву худафрӯзӣ ва зиракии миллати тоҷик аст.
Эмомалӣ Раҳмон  яке аз нахустин сиёсатмадоронанд, ки бидуни дудилагӣ 48 вазифаи масъули давлатиро ба собиқ мухолифини хеш супурданд. Тақрибан 7000 яроқбадастони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик  реинтегратсия шуда, ба неруҳои давлатӣ ҳамроҳ гардиданд, ки ин гуна муносибат намудани Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, ба ҷомеадӯсти асил будан, сарҷамъии тамоми мардумро хостан ва давлати миллии моро таҳким бахшидани Эмомалӣ Раҳмон  гувоҳ аст.
Бояд зикр кард, ки таҳкими пояҳои давлат  дорои  хусусиятҳои зерин  мебошад:
Аввалан,  таъсису тақвияти неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва ҳамзамон бо мақсади ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва таҳкими субот дар марзҳои кишвар аз шоистатарин иқдоми ин абармарди таърихофарин буда, шоҳиди қудрати бесобиқаи  сиёсатмадории ӯст.
Баъдан, таъсиси ҳокимияти мустақили судӣ ва парлумони  доимоамалкунанда далели суботи Президенти ҷумҳурӣ дар бунёди давлати воқеан демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, аз бебозгашту абадӣ будани самти интихобкардаи давлатдории ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Инчунин, таҳкими пояи иқтисодии мамлакат ва устувор гардондани бозори дохилӣ тавассути ба муомилот баровардани пули миллӣ, ки бо чеҳраҳои ҷовидонаи бузургмардони таърихи кишвар зинат ёфтааст, далели азми қавии ӯ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.
Баробари ин, дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадани роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории  Шанхай нишони эътирофи самимонаи роҳбарони бузургтарини давлатҳои дунё нисбат ба  Президенти кишвари мо мебошад.
Ва ниҳоят,  қабули Барномаи иқтисодии аз камбизоатӣ баровардани мардум, мулоқоти ҳамасолаи Президент бо зиёиёни мамлакат, ки аз 20 - уми марти соли 2001 шурӯъ гардида, то имрӯз идома дорад, ҳамеша дар мадди назари Президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Илова бар ин, рушди бемайлону босуботи  се ҳадафи асосӣ, ҳамгиро ва амали онҳо барои пешрафти муваффақонаи ҷомеа заминаи зарурӣ омода месозад.
Яке аз самтҳои асосии  стратегияи давлатӣ таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода бо ташаббус ва ибтикори Президенти ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба итмом расонда шудаанд. Бунёду  ба истифодадиҳии НБО - ҳои  Сангтӯда - 1 ва Сангтӯда – 2  аз дастовардҳои калони ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Таъмини бехатарии амнияти озуқаворӣ ва инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ низ яке аз самти асосии стратегияи давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода корҳои назаррас ба сомон расонда шудаанд. Инкишофи соҳаи кишоварзӣ, ғаллапарварӣ, чорводорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар солҳои истиқлолият, музаффарияти сиёсати давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  маҳсуб меёбанд.
Самти сеюми  стратегияи инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат мебошад. Сохтмони нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Хатлон» ва   ба истифода додани роҳҳои оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, шоҳроҳи автомобилгарди Хоруғ – Қулма - Қароқурум, Душанбе – Чанак, Душанбе - Панҷакент ва ғайра аз дастранҷҳои назарраси сиёсати Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.
Дилбастагии амиқу аниқ ва муҳаббати бардавом доштанаш нисбат ба  таъриху тамаддунамон боиси баргузории ҷашни пуршукӯҳи 1100 - солагии бузургдошти Давлати Сомониён, интишори силсилакитоби «Аз Ориён то Сомониён» (Тоҷикон дар оинаи таърих), таҷлили ҷашнҳои  «2500 - солагии Истаравшани бостонӣ», «Соли тамаддуни ориёӣ», «2700 - солагии шаҳри бостонии Кӯлоб», «3000 - солагии Ҳисори Шодмон», «700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ва ғайраҳо гардид, ки шуҳрати тамаддуни миллати моро дар арсаи олам боз ҳам афзун гардонд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Сулҳ - маънии таърихи мо» зарурати умдаву побарҷои фарҳанги сулҳро дар бақову ҳастии миллатамон таъкид менамояд: «Фарҳанги сулҳ самараи мувофиқати сентименталии тарафҳо нест, вай дар шароити фавқулода мураккаб ба даст оварда мешавад. Дар ҷамъияти мо ҳанӯз низоми ҳамафарогири сулҳи миллӣ, масалан ба монанди аксари кишварҳои Аврупо, ки дар онҳо нақши асосиро низоми мураккаби иқтисод, сиёсат ва фарҳанг иҷро мекунад, бунёд наёфтааст».
 Аз ин андешаи Президенти мамлакат чунин бармеояд, ки такя намудан ба ягонагиву муттаҳидии тамоми табақаҳои аҳолӣ, неруҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муҳимтарин рукни бақои миллат мебошанд. Чуноне ки мебинем, ҷой доштан дар ниҳоди халқ  сифати умдаву муайянкунанда мебошад, ки бузургтарин сиёсатмадорони зинданом дорои чунин сифати муқаддас буданд.
Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси соли 2003 - ро «Соли оби тоза» ва солҳои 2005 – 2015 - ро «Об барои ҳаёт» эълон доштан СММ, ки зиёда аз 180 мамолики дунё узви он мебошанд, пазируфт. Албатта, ин мояи шуҳрати оламгири Эмомалӣ Раҳмон ва давлати миллии тоҷикон гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об,балки дар масъалаи сулҳофарӣ низ мақоми Пешвои байналмилалиро дорост. Шоири халқии Доғистон, Қаҳрамони меҳнат Расул Ҳамзатов соли 2003 ба корномаҳои ҷовидонаи Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: «Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».
Роҳи тайкардаи Эмомалӣ Раҳмон аз он рӯзи муборак, яъне,  19 ноябри соли 1992 то имрӯз пур аз комёбиҳои беназир ва басо шарафманду пурифтихор аст. Мухтасараш, аз Қасри Арбоб то Арбоби барҷастаи сиёсии сатҳи байналмилалӣ ва то Пешвои муаззами миллати мутамаддини тоҷик.
Зикриё АКРАМӢ,
директори Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи
Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 1496

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед