logo

иқтисод

"ХАТЛОН. ЧАРО ТАЛАБОТИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТРО НОДИДА МЕГИРЕМ?"

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷиҳати рафъи камбудиҳое, ки дар мақолаи «Хатлон. Чаро талаботи қарори Ҳукуматро нодида мегирем?» (рӯзномаи «Ҷумҳурият», 9 ноябри соли 2016, № 222) мавриди танқид қарор гирифта буданд, як зумра корҳоро роҳандозӣ намуд. Мақола дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия 21 ноябри соли 2016 бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон, инчунин, сарфаи қувваи барқ дар қаламрави ноҳия қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 14 июни соли 2011, № 347 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» мавриди амал қарор дорад.
Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои иҷрои қарори мазкур ҷиҳати ташкил намудани системаи безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор 4 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар оянда низ бо мақсади иҷрои қарори мазкур дар доираи имкониятҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағҳои заруриро ҷудо хоҳад кард.

М. САЙФУДДИНЗОДА,
раиси ноҳияи Панҷ
***
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷиҳати рафъи камбудиҳое, ки дар мақолаи «Хатлон. Чаро талаботи қарори Ҳукуматро нодида мегирем? (рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 222, 09.11.2016) ҳадафи танқид қарор гирифта буданд, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот санҷиш гузаронд. Натиҷаи санҷиш дар ҷаласаи кории назди раиси ноҳия ва масъулини сохторҳои ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳоло дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 11 нуқтаи қабули лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада ташкил карда шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба ҳалли масъалаи дар мақола зикргардида тадбирҳои зарурӣ андешида, то имрӯз барои маҳлулҳои безараргардонӣ, ҷиҳозондани нуқтаҳои нигоҳдорӣ, овехтани лавҳаҳои огоҳкунанда, насби бодбезакҳо, қуттиҳои сарпӯшида ва ҳавасмандгардонии шаҳрвандон барои супоридани лампаҳои аз истифода баромада ба нуқтаи қабули маркази КВД ХМК – и ноҳия 1500 сомонӣ ҷудо намудааст.
Мутаассифона, айни ҳол харидорӣ намудани таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада аз ҳисоби буҷети ноҳия бо сабаби норасоии маблағ ғайриимкон аст. Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия низ имконияти харидани таҷҳизот барои коркарди лампаҳои симобдори аз истифода баромадаро надорад. Бо вуҷуди ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳаллу фасли масъалаи мазкур дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ меандешад.
С. ВАЛИЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2017    №: 6    Мутолиа карданд: 1659

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед