logo

сиёсат

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА САҲМИ ОН ДАР БОЛОРАВИИ НУФУЗИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Паёми навини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таҳлили ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, ба самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Пешвои миллат ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷиро, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ маънидод карданд.
Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно бетағйир монда, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронда мешавад.
Дар Паёми Сарвари давлат омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳасанаро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созанда ва ояндасозӣ худро бар пояи дӯстию эҳтиром ва баробарии ҳамдигар рушду инкишоф медиҳад. Дар муносибатҳои дуҷониба бо шарикони стратегии худ - Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири худро тақвият ва таҳким мебахшад. Бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мемонад. Ҳамзамон, Пешвои миллат зикр намуданд, ки яке аз самтҳои муваффақи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Сарвари давлат зимни ироаи Паём мужда расонданд, ки боз як ташаббуси бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ намуда, Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 - ро қабул намуд. Тавре Пешвои миллат таъкид карданд, кишвари мо минбаъд низ бо ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ талош  хоҳад кард.
Яке аз вазифаҳои муҳими дигаре, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба миён гузоштанд, мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъмини рушди устувори кишвар мебошад. Гуфта шуд, ки соли 2016 ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод. Ҳоло бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро матраҳ ва дар навбати худ фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва умуман, ҷомеаи моро барои як марҳалаи томи оянда муайян намуд. Иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои дар он ироашуда ба рушди устувори мамлакат ва фардои дурахшони кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Табассум АЗИМЗОДА,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2017    №: 6    Мутолиа карданд: 1463

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед