logo

сиёсат

АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ 10 - СОЛА ШУД

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 10 – солагии таъсисёбии ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва кулли кормандони мақомоти мазкурро ба муносибати солгарди 10 – уми таъсисёбӣ самимона табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъда ба ҳамаи онҳо барору комёбиҳо орзу намуданд.
Бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки таъсис ёфтани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, қабули ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия, мутобиқ гардондани қонунгузории кишвар ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ва шомилшавӣ ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз тадбирҳои муҳиму саривақтие мебошанд, ки шароит фароҳам оварданд, то афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаи байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло барояд.
Вобаста ба нақшаю барномаҳои фаъолияти самарбахши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар оянда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти агентиро вазифадор намуданд, ки дар интихоби кормандони соҳа ба шахсони дасту дили покдошта ва манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло-донанда бартарии бештар дода, дар ин ниҳоди давлатӣ танҳо ҳамин гуна шахсонро ба кор ҷалб намоянд.
Дар маҷлис директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба нақшаю барномаҳои минбаъдаи корӣ дар самти пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ сухан гуфта, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста нисбат ба кормандони соҳа ва пешбурди сиёсати муваффақи зиддикоррупсионии Тоҷикистон изҳори сипос кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2017    №: 6    Мутолиа карданд: 1658

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед