иҷтимоиёт
ДАҲШАТАФКАНӢ. БО ИН ЗУҲУРОТ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Террористон бо таркондану оташ задани манзилҳои истиқомативу иншооти ҳаётан муҳим, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти ғояҳои ифротӣ, созмон додани ташкилотҳои террористӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта тарс меафкананд. Онҳо аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, варақаву дастурҳои иғвоангез ва ваъдаҳои дурӯғин мехоҳанд сафи аъзои худро зиёд намоянд.
Мутаассифона, баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон низ фирефтаи таблиғоти бардурӯғи онҳо гардида, дар амалиётҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо иштирок доранд. Ҳодисаи кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон, аз вилояти Хатлон, ки бо ҳафт фарзанд, ҳамсар ва хоҳару шавҳари хоҳараш озими Сурия гашта, баъди се моҳи дар ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷангиданаш ба ҳалокат расидааст, боиси ташвишу нигаронист. Ин ҳодисаро расонаҳои хабарӣ таҳти унвони “Яке барои Ватан қурбон шуд, дигаре маро қурбон кард” ба нашр расонда, андешаҳои падари куҳансоли ӯро, ки ду фарзандаш, яке зимни барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва дигарӣ дар Сурия ба ҳалокат расидаанд, баён медорад.
Бояд гуфт, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амният дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 12 ноябри соли 2016, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020” тасдиқ карда шуд. Он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем амнияту осоиши хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва дар амн нигоҳ дорем.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2017 №: 7 Мутолиа карданд: 2576