logo

иқтисод

АЗ ҶАРИМА ТО ҶАВОБГАРӢ

Натиҷаҳои соли 2016 дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Хадамот  дар самти азнавбақайдгирии (инвентаризатсияи) таҷҳизот, корхонаю  иншооти истеҳсолоташ хатарзо кӯшиши зиёд ба харҷ дода, қисми зиёди онҳоро дар Феҳристи давлатӣ дохил намуд. 

Сардори хадамот  Раҳим Санъат Асо мегӯяд:
- Дар Хадамот 1482 корхона ва 6457 иншооти зеризаминӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2016 аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ 709 санҷиши техникӣ гузаронда шуд.
Дар натиҷаи гузарондани назоратҳои техникӣ ба корхонаҳо ва ташкилоте, ки дар онҳо қоидавайронкуниҳо ошкор гардидаанд, 806 нишондод бо назардошти камбудиҳо ва муҳлати муайян барои бартараф ва ислоҳи камбудиҳо дода шуданд. Барои ба талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯ набудани фаъолият ва наандешидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирию рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 101 корхона нишондод оид ба қатъи фаъолият пешкаш гардид.
Кормандони хадамот 478 нафар шахси масъули корхонаҳои бақайдгирифтаро  барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 464535 сомонӣ ҷарима бастанд. Камбудиҳо бештар дар корхонаҳои  КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, ҶСК “Обшорон”, ҶДММ “Хишти Хуҷанд”, ҶДММ “Созандаи Суғд”, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», «ШМ Туннел садди Ориёно», ФҶСП  ШМ «Умрон Морун», ҶДММ «Гушикай ЛТД»  ва ҶДММ “Мукофот” ба назар расиданд, ки роҳбарони онҳо огоҳонда шуданд.
Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои бехатарӣ дар кишвар 33 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд. Аз тарафи кормандони хадамот нисбат ба ин ҳодисаҳо тафтишоти махсуси техникӣ ба анҷом расонда шуд.
Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Кормандони мо аз Паёми Сарвари давлат хулосаи амиқ бароварда, барои таҳкими фаъолияти худ дар соли 2017 чораҳои бетаъхир меандешанд.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2017    №: 7    Мутолиа карданд: 1695

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед