logo

маориф

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. БАРДОШТЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МАҲМУДҶОН ДАВЛАТОВ

Ман - писари ягонаи падару модари таҳсилдидаю бомаърифати фирории солхӯрда ва нисбатан осудаҳоли муваффақ, ятиммонда (1945) аввал дар хонаҳои хешон зиндагӣ кардам. Баъд (1947) ба интернати давлатии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод (ҳоло ба номи Шамсиддини Шоҳин) афтодам. Пас аз хатми он ба Донишгоҳи муаллимтайёркунии Кӯлоб дохил шудам.

Бо ятими дигар бо ному насаби Маҳмудҷон Давлатов, ки дар омӯзишгоҳи педагогӣ мехонд, маҳз дар ҳамин даргоҳ шинос шудам ва фаҳмидам, ки ӯ низ дар кӯдакӣ бе падару модар дар хонаи хешон ба воя расидааст. Бо вуҷуди ин, дар мактаб ҳам аъло хонда, бо медал сарфароз гардид. Бисёр меҳнатдӯст ва ҳалолу тозакор буд. Умуман, нисбат ба мо таҷрибаи зиндагию корӣ бештаре дошт.
Баъди ду сол Маҳмудҷон, ки  ҷавони шармгин, табиатан ором, ҳалим, хоксор,  ботамкин, боодоб буд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба факултаи филология дохил шуд. Ӯ худ-ро ҳамчун ҷавони меҳнатдӯст ва бомасъулият дар ин ҷо низ муаррифӣ кард. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол, бахусус пахтачини номӣ буд. Дар интизом ҳам намунаи ибрати дигарон. Ҳеҷ гоҳ алфози ношоистаро ба забон намегирифт. Суханро кам, вале пухтаю суфта мегуфт. Вақташро самарабахш сарф мекард. Аз амалҳои номатлуб сахт парҳез менамуд.
Баъди хатми донишгоҳ ӯро дар факулта ба кор гирифтанд. Аввал лаборант ва баъд омӯзгори кафедра таъйин мегардид. Ба кори илмӣ машғул шуд. Рисолаи номзадӣ (1965) ҳимоя кард. Соҳиби дараҷаи илмӣ гардид. Рисолаи номзадии ӯ ба ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ бахшида шудааст. Баҳси доманадори жанри ғазал дар адабиёти давраи навини тоҷик баамаломадаро ҷамъбаст кард. Меҳнати арзандаи ӯро мақомоти вақт хуб қадр намуданд. Ӯ бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатмандона», «Ветерани меҳнат»,  унвонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи СССР», сарфароз гардонда шуд. Олимони факултет меҳнати софдилонаашро ба назар гирифта, ӯро мудири кафедра ва баъд декани факултет интихоб карданд. Дар ин вазифаҳо зиёда аз 15 сол фаъолият намуд.
Маҳмудҷон асосан мададрасони донишҷӯён буд. Шогирдон бисёр дӯсташ медоштанд.
Вале  афсӯс дӯсти ман дар авҷи камолоти эҷодӣ, моҳи июни соли 1992 ин дунёи фониро падруд гуфт.
Маҳмудҷон, дар ҳақиқат, инсони бузург буд. Чунин шахсиятҳо агар ҳам аз дида мераванд, аз дил намераванд. Зикрашон ҳамеша номашонро зинда медорад.
Ҳ. ИСКАНДАРОВ,
коршиноси низоми маориф 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2017    №: 7    Мутолиа карданд: 4245

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед