logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ. ОМӮЗИШИ ҲАТМИИ ОН ДАЪВАТ БА ҚОНУНСОЛОРИСТ

Ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, иқдоми дурбинонаест, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва шаклгирии ҷомеаи қонунсолор мусоидат хоҳад кард.
Дар Паём бори дигар таъкид шуд, ки «Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст». Бешубҳа, дар татбиқи ин ва дигар меъёрҳои Конститутсия, бахусус таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақши мақомоти судӣ басо назаррас аст. Зеро дар моддаи 84 - и Конститутсия омадааст, ки «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд». Аз ин нукта бармеояд, ки мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ мавқеи меҳварӣ дорад.
Бо назардошти ин омили муҳим, ҳанӯз аз оғози Истиқлолияти давлатӣ барои таҳкими ҳокимияти судӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Давра ба давра татбиқ намудани барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва дар заминаи он такмили сохтору фаъолияти мақомоти судӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳои судманд ба шумор мераванд.
Бо вуҷуди ин, то кунун камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти судӣ пурра аз байн нарафтаанд ва чуноне ки Сарвари давлат дар Паём изҳор доштанд, баъзан қарорҳои судӣ муҳлатҳои зиёд ба иҷро расонда намешаванд. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ дастур доданд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд. Итминон дорем, ки ин тақозои Пешвои миллат дар таъмини фаъолияти босамари иҷрочиёни суд заминаи мусоид фароҳам оварда, масъулонро водор месозад, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои саривақтии қарорҳои судӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Айни замон, бо мақсади рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ, боз ҳам баланд бардоштани мавқеи суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017» идома дорад. Интизор меравад, ки иҷрои босамари барнома барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иҷрои бетаъхири санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Мо - кормандони мақомоти судӣ, дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ҷомеа, муассисаю корхонаҳо ва ташкилоту созмонҳоро меҳвари фаъолият қарор дода, талош менамоем, ки дар эъмори ҷомеаи воқеан демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, таҳкими фаъолияти ҳокимияти судии мустақил, беғаразу устувор ва босалоҳият саҳмгузор бошем.
Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2017    №: 7    Мутолиа карданд: 2772

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед