logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ. ЧАНД ҶАНБАИ МУҲИМ

Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро месазад, ки ҷамъбасти дастовардҳои кишвар баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатӣ, оғози марҳалаи сифатан нави созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва дар маҷмӯъ барномаи иҷрои дастуру ҳидоятҳо баҳогузорӣ намуд. Дар Паём доир ба самтҳои ҳассоси вазъи ҳаёти динии кишвар, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ғамхории холисона зоҳир намудан ба ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таъмини риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва нишон додани нақши осори гаронбаҳои гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ барои ниҳодҳои дахлдор дастуру супоришҳои судманд пешниҳод гардид.
Нахуст, Пешвои миллат зимни ҷамъбасти марҳалаи тайшудаи даврони истиқлолият ёдовар шуданд, ки бадхоҳони миллати тоҷик барои пиёда намудани мақсадҳои палид ва ғаразноки худ мехостанд ба сари мардуми мо мазҳабу фарҳанги бегона ва андешаи ботили бунёди «Давлати исломӣ» - ро таҳмил кунанд. Барои бартараф намудани оқибати чунин рафтори тундгароёна заҳмати чандинсолаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хароҷоти зиёд лозим омад. Ин нукта моро ҳушдор медиҳад, ки тамоми саъю талош ва имконияту захираҳои мавҷударо ба он равона созем, ки барои чунин андешаву ҷаҳонбинии номатлуб дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳе боқӣ намонад.
Дувум, Сарвари давлат зикр намуданд, ки «Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд». Корҳои дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ анҷомёфта, воқеан,  «қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид» табдил доданд. Ин иқдоми ватандӯстонаи созандагӣ  барои пайванди ногусастанӣ пайдо кардани шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Ба шарофати бунёди роҳҳои оҳан ва мошингард, нақбу  пулҳо ва хати интиқоли неруи барқ табодули босуръати тиҷорати молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ таҳаққуқ мепазирад. Дар пояи ин дигаргуниҳо дӯстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб карда, боиси устувор шудани сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ба вуҷуд омадани фазои воҳиди иқтисодию фарҳангӣ дар кишвар мегардад.
Масъалаи сеюми ниҳоят муҳим, ки барои амнияти динию эътиқодӣ ва қавмию мазҳабии кишвари мо таъсиргузор аст, ин мушкили бунёди ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Пешвои миллат такроран ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат расонданд, ки: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем». Қабули барномаи давлатии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ ба хотири расидан ба ҳадафҳои волои иҷтимоӣ ва тақвияти сармояи инсонӣ қабул гардидааст. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар сол на камтар аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав бунёд карда шаванд.
Ба андешаи мо, ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик ва Соли ҷавонон эълон кардани соли 2017 масъалаи муҳими чаҳорум аст, ки барои пешгирӣ намудани шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат мекунад ва иштиёқу ҳавасмандии онҳоро барои анҷом додани корҳои созанда афзун мегардонад. Илова бар ин, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидан ба масъалаи фарогирии шумораи бештари бонувон дар корҳои давлатӣ ва хизматрасонӣ бар он далолат мекунад, ки дар доираҳои роҳбарияти олии кишвар ба бозандешии мақому манзалати иҷтимоии бонувон эҳтироми бузург қоиланд.
Ҷанбаи ҷиддии панҷум дар Паёми имсола таъкиди ҳамон воқеияти бебаҳс буд, ки «Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст». Барои татбиқи ин арзиши конститутсионӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи ҷомеаи муосири мутамаддин тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ қабул гардидаанд, ки онҳо дар фазои ҳуқуқии ҷумҳурӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкориро кафолат медиҳанд. Барои дар мафкураи шаҳрвандон ҷойгузин шудани ин меъёрҳо ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд. Дар маҷмӯи ин иқдомҳо ба омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ бартарият дода шуд.
Иҷрои саривақтии ин пешниҳоди муҳим боиси баланд шудани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон гардида, дар камолоти онҳо таъсири нек мегузорад. Гузашта аз ин, маърифати баланди ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз хатарҳои глобалии имрӯза, хусусан аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ эмин бошанд.
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2017    №: 7    Мутолиа карданд: 2438

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед