logo

иқтисод

РАШТ. ПАЁМ МОРО БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Қаноатшо ЛОИҚЗОДА,
раиси ноҳияи Рашт  
 
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Рашт ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Дар он вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат матраҳ шуда,  ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт. Зеро озодиву истиқлолият ва ваҳдати комил бароямон дастоварди бузург ва ғояи муқаддаси миллӣ ба ҳисоб рафта, онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат танҳо аз ибтидои солҳои 2000 - ум Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, пешрафти  иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ таъмин карда тавонист. Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 дарсад афзуда, то 4 баробар зиёд шавад.  Дар ноҳияи Рашт бошад, дар соли 2016 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 588 миллиону 784 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 - ум 11 миллиону 522 ҳазор сомонӣ ё 2,1 дарсад зиёд  мебошад.
Дар давраи зикршуда пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг таъмин карда шуд. Дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2012 - 2016» ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ  дар ноҳияи Рашт 15 муассисаи таълимӣ, 8 тандурустӣ, дар маҷмӯъ беш аз 60 иншооти муҳими хоҷагии халқ бунёду навсозӣ шуданд.  Тавре дар Паёми худ Пешвои миллат иброз доштанд, дар ноҳияи Рашт зиёда аз 50 муассисаи таълимӣ аз вагон - хонаҳои шахсӣ бароварда шуда, ба биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва шароитҳои таълимӣ таъмин гардиданд. Ин ҳама самараи соҳибистиқлолию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи дастгирии занону духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ба таъкиди Сарвари давлат,  зарур аст, ки оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа,  шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон  ба кор ҷалб карда шаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  дар ин самт корҳои муайянро анҷом додааст. Ҳоло дар соҳаҳои тандурустии ноҳия 3487 нафар, маориф 324, фарҳанг 56, рушди соҳибкории хурду миёна 71, вазифаҳои роҳбарикунандаю хизмати давлатӣ 47 нафар занону духтарон  кору фаъолият доранд. Ёздаҳ нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мебошад.  
 Сокинони меҳнатқарини  ноҳияи Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари муаззами худ, дастуру ҳидоятҳои дар Паём зикрёфтаро сармашқи кор қарор дода, баҳри пойдории сулҳу субот ва  пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон талош меварзанд. Зеро Паёми Президенти мамлакат роҳи дурахшони Тоҷикистонро на танҳо барои як сол, балки барои даҳсолаҳо муайяну мушаххас месозад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2017    №: 7    Мутолиа карданд: 1799

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед