logo

ҳуқуқ

НАЗАРФИРЕБӢ. ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ ЗАМИН ДАР СУҒД

Сарфи назар аз он ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ дар масъалаи ҷудо кардану истифодаи самараноки замин тадобири зиёди муассир роҳандозӣ шудааст,  санҷишҳо нишон доданд, ки шахсони масъул ҳанӯз ҳам баъзан хилофи қонун амал мекунанд.
Бино ба иттилои Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, соли 2016 танҳо аз ҷониби нозирон 88 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар тақсим кардани 50,6 гектар майдон ошкор шудааст. Агар ба натиҷаи  фаъолияти кумитаҳои идораи замини ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят дар соли сипаришуда назар андозем, вазъият боз ҳам ногувортар аст. Ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин, ки нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру навоҳии вилоят ошкор намудаанд, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 334 ададро ташкил дода, майдони  қариб 10 ҳазор гектар заминро дар бар мегирад. Дар ин фосилаи вақт ҷиҳати бартараф накардани камбудиҳои мавҷуда 42 адад мавод ба мақомоти прокурорӣ ирсол шуда, нисбати  35 адади он чораҳои зарурӣ андешида шуда бошад ҳам,  қонуншиканиҳои зиёд ҳанӯз аз нобасанда будани тадбиру чораҳо, сарфи назар аз шаклу усулҳо оид ба пешгирии қонуншиканӣ, бозгӯйӣ доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифатро ҳамасола, дар ҷараёни сафарҳои кории худ ба ҳамаи манотиқи кишвар гаштаву баргашта таъкид дошта, дар ин замина истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб заминро аз масъулон ва кишоварзон тақозо мекунанд. Яке аз роҳҳои таъмин кардани аҳолии ҷумҳурӣ дар тамоми фасли сол бо сабзавоти тару тоза бунёд кардани гармхонаҳо буда, бо ин мақсад дар мамлакат садҳо гектар замин ҷудо шудааст. Солҳои охир даҳҳо нафар одамони касбу кори гуногун ба парвариши сабзавот дар гармхонаҳо, бавижа дар фасли сармои зимистону аввали баҳор барои фаровону ғанӣ гаштани бозорҳои манотиқи ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тозаи гармхонаҳо машғуланд,  ҳарчанд кор дар ин самт ҳанӯз басанда нест. 
Бино ба иттилои расмии Раёсати идораи кишоварзии вилоят, феълан дар вилояти Суғд дар майдони 24,4 гектар гармхонаҳо бунёд шуда, дар соли сипаришуда ба миқдори 108,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ -  помидору бодиринг, қаламфури булғорӣ, сирпиёз ва сабзаҷоти гуногун истеҳсол шудааст, ки ҳанӯз ниёзи мардуми вилоятро ҳатто даҳ дарсад қонеъ кунонда наметавонад. Аз ин хотир, солҳои охир мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати равнақи парвариши сабзавоти тару тоза дар гармхонаҳо ба хоҳишмандон қитъаҳои замин ҷудо мекунанд.
Мутаассифона, дар радифи ин иқдоми хуби соҳибкорӣ баъзе шаҳрвандон дар истифодаи қитъаи замин ва бунёди гармхонаҳо ҷиҳати рӯёндани маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасмандии самимӣ нишон намедиҳанд.  Аз кишт дур мондани қитъаҳои замину бунёд наёфтани гармхонаҳо аз тарафи чунин шахсон касро ба он андеша водор месозад, ки ин қитъаи заминро ба дигар ҳадаф соҳиб шудаанд.
Мутахассисони Кумитаи идораи замини вилоят дар асоси амри раиси вилояти Суғд аз 4 ноябри соли 2016 фаъолияти гармхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ва корбарӣ оид ба ҷудо кардани қитъаи заминро ҷиҳати ташкили гармхонаҳо мавриди санҷиш қарор доданд.
Деҳқонони ноҳияи калонтарини вилоят - Бобоҷон Ғафуров   ҳамасола аз замин ҳосили фаровон мерӯёнанд ва дар таъмини аҳолии шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон  ҳиссагузор мебошанд. Табиист, ки аз лиҳози масоҳати зиёди бунёди гармхонаҳо низ миёни дигар навоҳии вилоят дар мадди назар мебошад. Дар ноҳия 37,9 гектар замини корам дар асоси қарорҳои раиси ноҳия танҳо ба хотири ташкил ва бунёд кардани 42 адад гармхона ва ба ин васила истеҳсоли муътадили маҳсулот, аз ҷумла сабзавот барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷудо шуда бошад ҳам, бино ба хулосаи гурӯҳи кории санҷишӣ қитъаҳои замин мувофиқи мақсад истифода намешаванд. Заминдорон баъди соҳиби қитъаи замин шудан фаъолияти кории худро дар ин самт бо диди худ ба роҳ монда, аз вазифаву уҳдадориҳои худ оид ба афзун намудани тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхона фаромӯш месозанд, ки мисолҳои зер тақвиятбахши ин гуфтаҳост.
Шаҳрванд Умарҷон Сайдуллоев аз 1 июли соли 2010 мутобиқи қарори раиси ноҳия 1 гектар заминро ба мақсади бунёди гармхона барои 10 сол гирифта, сари вақт соҳиби сертификат шуда бошад ҳам, мутаассифона, ин майдонро ғайримақсаднок чун бинои ёрирасон истифода мебарад. Дар он на гармхона бунёд кардааст, на сабзавоте рӯёндааст. Зиёда аз  ин, хилофи қонун ин заминро ба шаҳрванд Муқаддас Дадахоҷаев фурӯхтааст ва он ҳоло ҳам ғайримақсад истифода мешавад.
Шаҳрванди дигари ин ноҳия Абдуалӣ Самадов низ ба хотири  бунёди гармхона ва парвариши карам масоҳати 0,5 гектар заминро соҳиб шуда, барои чашмпӯшӣ дар 0,1 гектар гармхона бунёд кардааст, ки он ҳам бо баҳонаҳои гуногун фаъолият надорад ва аз тарафи соҳибзамин ҷиҳати босамар истифода бурдани замин ягон чораи зарурӣ андешида нашудааст.
Хоҷагии деҳқонии «Бародарон» низ бо ҳамин мақсад, яъне, бунёди гармхона бо қарори № 693 - и раиси ноҳия аз 8 июли соли 2016 барои 19 сол соҳиби 1,06 гектар замини обӣ шудааст. Вале, бо гузашти  зиёда аз шаш моҳ аз тарафи хоҷагии мазкур (сарвараш Абдулатиф Расулов) барои бунёди гармхона кӯшише  ба харҷ дода нашудааст ва қитъаи замин ғайримақсаднок истифода мешавад.
Абдурашид Ағлуков 0,8 гектар қитъаи замини барои гармхона ҷудошударо ҳамчун ҷойи фароғатӣ истифода мебарад. Чунин ғайримақсаднок истифода бурдани қитъаи замин аз ҷониби шаҳрвандон Солеҳҷон Ҳоҷибоев ва Манзура Файзиева, ҶДММ «Шоҳиҷаҳон» (роҳбараш Абдуҳафиз Раҳмонов) ва ҶДММ «Бунёд-1» ошкор гардид.
Сокини дигари ноҳия Саидҷон Бобоҷонов кӯшиш кардааст, ки дар як қисми 0,5 гектар замини барои гармхона ҷудошуда манзили истиқоматӣ бунёд намояд.
Айнан чунин ғайримақсаднок истифода бурдани қитъаҳои замини барои гармхона ҷудошуда аз тарафи хоҷагиву сокинони ноҳияи Спитамен - хоҷагии деҳқонии «Шукрона», шаҳрвандон Мирзо Исмоилов, Салоҳиддин Каримов, Муаттар Ҷумъаева, Фарҳод Каримов ва А. Эшонқулов ба қайд гирифта шудааст.
Санҷиши гурӯҳи кории Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ҳамчунин, ошкор сохт, ки бунёди гармхона ва истифодаи самараноки қитъаҳои замин дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ҷаббор Расулов ҳанӯз ҷавобгӯйи талаботи рӯз нест.
Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ба унвони ҳамаи раисони шаҳру навоҳии вилоят барои андешидани чораву тадбирҳо ҷиҳати самаранок мавриди баҳрабардорӣ қарор додани қитъаҳои замини ҷудошуда  мактуб ирсол карда, аз оқибатҳои нохуши ҳуқуқӣ онҳоро огоҳ кард.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2017    №: 7    Мутолиа карданд: 3030

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед