logo

фарҳанг

КОХИ ФАРҲАНГИ САНГВОР. ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕБОЯД!

27 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Сангвор бинои муҳташами кохи фарҳанг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супурда шуд. Дар маросими ифтитоҳи Кохи фарҳанг бунёди онро Сарвари давлат барои пешрафти соҳа дар ин ноҳияи дурдаст воқеаи муҳим арзёбӣ намуд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхонаи дорои шароити мусоиди корӣ ва толори барҳаво барои қариб 500 ҷойи нишаст иборат буда, ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатӣ пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур давоми 2 сол ва бо харҷи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.
Дар ошёнаи якуми кохи фарҳанг китобхонаи марказии ноҳия бо толори васеи хониш ҷой гирифтааст. Дар китобхонаи марказӣ 9673 нусха ва дар филиалҳои он дар деҳот 11495 нусха китоб мавҷуд аст. Филиалҳои китобхонаи марказӣ дорои шароити зарурӣ буда, дар онҳо барои истифода кардани ҷавонон ва наврасони деҳот аз ин ганҷинаи бебаҳо шароити хубе муҳайё шудааст.
Кормандони бахши фарҳанг дар соли 2016 ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Биё бо ҳам бихандем!», «Тараннуми истиқлол», «Библиомарафон», «Андалеб - 2016» «Оши палов», «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» ва дигар фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб ва бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сазовор гардиданд, - иброз дошт С. Қурбонова, мудири бахши фарҳанги ноҳия.
 Дар баробари муваффақиятҳо фаъолияти кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия аз камбудиҳо низ орӣ нест. Боиси таассуф аст, ки бинои кохи фарҳанг, ки бо он қадар ҳашамат ва зебоӣ ва, аз ҳама муҳимаш, бо маблағи калон сохта ба истифода дода шудааст, имрӯз деворҳои он аз ду тараф кафида, ҳангоми боришот об аз шифти бино гузашта, ба дохилаш мечакад. Месазад, ки мутасаддиён сари ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд ва мушкили кормандони ин даргоҳро дарку онро рафъ созанд. Пеш аз оне, ки бино харобтар шавад ва шифти он ба сараш фурӯ резад, онро таъмир намудан лозим аст. Таъмири ҷорӣ аз бори дигар бомпӯш намудани бино арзонтар хоҳад афтид. Нисбат ба ин ҳама таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои самимонаи Сарвари давлат мо набояд бепарвоёна муносибат намоем, зеро мақсади давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти соҳаи фарҳанг ва боло бурдани сатҳи маънавиёти мардум мебошад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 2994

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед