logo

иқтисод

ҶАВОНОНИ НОРАК: МАСЪУЛИЯТИ МО БЕШТАР МЕШАВАД

Дар партави  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ  семинари  омӯзишии «Дастгирии соҳибкорони ҷавон»  баргузор гашт.
Дар он ҷавонони фаъоли ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, кормандони  корхонаю муассисаҳо иштирок намуда,  доир ба афзалият ва вижагиҳои   соҳибкорӣ, роҳҳои расидан ба муваффақият, таҷрибаи соҳибкорони пешрафта  маълумот пайдо намуданд.
Ба гуфтаи ҷавонони Норак,  дар ҳама ҷода барои расидан ба муваффақиятҳо, пеш аз ҳама дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат,  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо роҳ кушодааст. Бо истифода аз имкониятҳои васеи давлату Ҳукумат, ки маҳз барои насли нави кишвар  муҳайё гардидаанд, онҳо ба натиҷаҳои баланд хоҳанд расид.
Баҳодур Ятимов, сардори бахши ҷавонони шаҳр, изҳор дошт, ки  барои гузарондани ин чорабинӣ устодони бахшҳои бозоргонӣ ва савдои  донишгоҳҳои ҷумҳурӣ даъват карда шуданд.  Дар  доираи семинари мазкур  нафароне, ки нав ба ҷодаи соҳибкорӣ қадам гузоштаанду ниёз ба омӯзиши паҳлуҳои муҳими соҳа доранд, ҷалб гардиданд. Курсҳои  омӯзишӣ бештар самтҳои  истеҳсолоти ватанӣ, шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат, роҳҳои натиҷабахши тиҷорат  ва қонунгузории ҷумҳурӣ доир ба соҳибкориро дар бар гирифтанд. Ширкаткунандагони  семинар пас аз суҳбатҳои озод ва суолу ҷавоб бо намояндагони корхонаю муассисаҳои тиҷоратӣ ва устодони донишгоҳ дониши зарурӣ ҳосил  намуда, ҷиҳати  ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Чунин барномаи омӯзишӣ  дар ҳамкорӣ бо идораҳои соҳавии давлат барои рушди соҳибкорӣ  дар  байни ҷавонон ва беҳбудии рӯзгори онҳо нақши калидӣ дорад. 
Аз ҷониби дигар ҷалби ҷавонон ба соҳибкорӣ беҳтарин омили рушд буда, фаъолияти  онҳо  дар ин самт  аҳамияти хоса дорад.  Роҳбари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба мавқеи ҷавонон дар сиёсати давлат чунин таъкид намуданд: 
«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 1622

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед