logo

фарҳанг

АШЪОРИ РӮДАКИРО БОЯД БИҶӮЕМ!

Соли 1988 ҳини бозгашт аз осоишгоҳи ба номи Роза Люксембурги нимҷазираи Қрим дар ҳавопаймо тасодуфан рӯзномае ба дастам афтод. Дар он оид ба ҷойҳои фарҳангии пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан - Батор  ва китобхонаи миллии он маводе чоп гардида буд. Дар фароварди мақола дар бораи фонди дастхатҳои он чунин нигошта шуда буд: «Дар китобхонаи мазкур зиёда аз ду миллион варақаҳо бо дастхати форсӣ нигаҳдорӣ шудаанд, ки дар миёни онҳо, аҷаб нест, китоб ё порчаҳо аз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфуз бошанд». Ҳатто таъкид гардида буд, ки олимони Тоҷикистон аз ин бойгонӣ дидан намоянд, дар бораи Рӯдакӣ ва адибони қарнҳои гузаштаи хеш маълумоти зиёде пайдо хоҳанд кард.

Аз ин суханон тахмин задан мумкин аст, ки шояд баъди аз тарафи Чингизхон истило гардидани шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз ду қарн зери тасарруфи авлодони ӯ қарор доштанд, дар қатори дигар ғаниматҳо китобҳои Одамушуаро Рӯдакиро ба яғмо бурда бошанд. Эҳтимол меравад, ки  то ҳоло ба онҳо касе даст назада бошад. Ин матлаб дар мулоқот ва суҳбати Президенти Муғулистон – Сахиагийн Элбегдорн (11 сентябри соли 2014) бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ оид ба ҳамкории илмию фарҳангии ду давлат чунин таъкид гардида буд: «Олимону таърихнигорони ду кишвар бояд имкони дастрасӣ ва кор дар бойгониҳои ҳамдигарро дошта бошанд, зеро дар онҳо масъалаҳои ҳанӯз омӯхтанашудаи таърихи асрҳои миёна зиёданд».
Ба наздикӣ роҷеъ ба осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад дар робита ба гуфтаҳои боло дар мақолаи хеш – «Рӯдакишиносӣ дар даврони истиқлол» (маҷаллаи «Адаб», № 3, 2016) низ ибрози андеша карда, чунин фикрҳои ҷолиб ироа доштааст: «Тавре мебинем, дар давраи истиқлол дар рӯдакишиносӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Вале, ба назари мо, ин барои шинохти воқеии Одамушуаро Рӯдакӣ басанда нест. Мо бояд, пеш аз ҳама, китобхонаҳои олам, бахусус Ҳинду Покистон, Туркиёву Муғулистонро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, ашъори парешони шоирро ҷамъоварӣ намоем… Бо мақсади густариши корҳои ҷамъоварӣ таъсиси як маркази илмии байналмилалии рӯдакишиносӣ зарур аст». Инчунин, дар ҳамин шумораи маҷалла мақолаи доктори илмҳои филология Субҳон Амирзода таҳти унвони «Шоире, ки бақои исми ҷовидонӣ дорад» чоп шудааст. Ӯ низ бо таассуф «сабаби ҳодисаи шигифтангези дар муддати замони андак (се қарн) несту нобуд шудани маҷмӯаи азиме аз осори беназири Рӯдакӣ дар чӣ  бошад?» - гӯён савол ба миён гузошта, худ чунин посухи ҷолиб медиҳад. «Аз миён рафтани маҷмӯаи осори гаронмояи устод Рӯдакӣ, чуноне ки бархе аз пажӯҳишгарон гумон задаанд, тасодуфи замон набуда, маҳз амали зишти ҳамон исломгароёни мутаассиби ифротӣ ва нохурсанд аз вуҷуди давлати соҳибистиқлоли миллиятгаро буд». Андешаҳои фавқ моро ба хулоса меоранд, ки шояд дар радифи ашъори Рӯдакӣ ашъори шоирони ҳамзамон ва шогирдони устод ҳам нобуд шуда, аз баъзеҳо танҳо ном, аз баъзеи дигарашон байте ё порчаҳои пароканда то замони мо расидаанд. Аҷаб нест онҳо низ дар ашъори худ ғояҳои миллиятгароёнаи асосгузори давлати сомониҳо ва устоди худ – Рӯдакиро пайравӣ карда, асарҳои онҳо ҳам ба чунин сарнавишти талх дучор гардида ва ё баъдан истилогарони муғул ба яғмо бурда бошанд.
Мутаассифона, хабари рӯзномаи русии зикргардида ҳам замоне нашр гашт, ки ибтидои солҳои бесарусомонӣ дар Тоҷикистон буд ва касе аз пайи баррасии он нашуд. Ҳоло бошад, Тоҷикистон баъди 25 соли истиқлолият дар миқёси ҷаҳон соҳиби  эътибор, обрӯи баланд аст. Акнун, он ба иҷрои ҳар гуна амали неку аҳамияти миллидошта қудрат дорад ва умед бастан мумкин аст, ки тавассути ташкилотҳои  байналмилалӣ хостаҳои олимони фавқуззикр – шинохти воқеии Рӯдакӣ бароварда гардад.
Хайруллоҳи РАҲИМ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 3361

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед