logo

иқтисод

ГУЛИСТОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 42,3 ДАРСАД АФЗУД

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд соли 2016 ба маблағи 2 миллиарду 130 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба соли пешӣ 42,3 дарсад ва нисбат ба дурнамои солона ба миқдори 633,34 миллион сомонӣ зиёд аст. Ин дар миқёси мамлакат яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад. 16 корхонаи саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8 то 282 дарсад таъмин намуданд. Ҳиссаи корхонаҳои саноатии шаҳр дар маҷмӯи истеҳсолоти маҳсулоти  саноатии вилоят 31 дарсадро ташкил дод.
Гулистон (Қайроққуми пешина) яке аз шаҳрҳои пешрафтаи саноатии вилояти Суғд буда, дар он беш аз 30 корхонаи саноатӣ ва энергетикӣ, назири «Апрелевка», Ширкати  саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, «Корхонаи нонпазию қаннодӣ», «Темурмалик», «Сахо ва К», «Фаровон – 1», «Адрасмон», НБО «Дӯстии халқҳо» фаъолият доранд, ки қариб 60 намуд маҳсулот истеҳсол менамоянд. Шумораи корхонаҳои  хурди  истеҳсолӣ пайваста меафзояд. Корхонаҳои саноатии шаҳр қариб 10 ҳазор сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намудаанд. Осоишгоҳи «Баҳористон» на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон ном бароварда, соҳили «Баҳри тоҷик» ба ҷойи дӯстдоштаи  истироҳаткунандагон табдил ёфтааст. Неругоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо» - и шаҳр барои фаъолияти бенуқсону самарабахш ва нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ неругоҳи барқи обии беҳтарини мамлакат  дар соли 2016 эътироф шуда, ба ҷоизаи сол мушарраф гардид.
С. АЗИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 1661

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед