logo

сиёсат

ОБ НАҶОТБАХШИ САЙЁРА АСТ. БАРДОШТҲО АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Масъалаи дастрасии оби тоза дар ҷаҳон бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ сол то сол душвортар гашта истодааст. Аз соли 1960 то 2011 аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд шудааст. Имрӯз дар ин минтақа зиёда аз 60 миллион нафар зиндагӣ мекунад.
Мутобиқи ҳисобҳои пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15 - 20% - ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Аз ин рӯ, ин гавҳари табиатро бояд сарфакорона истифода бурд.
Ташаббусҳои Сарвари хирадманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд.
Пешниҳодҳои Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва инак, пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 - 2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Яке аз вижагиҳои санади нав ҳамгироии ҳадафу вазифаҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад, ки се пояи асосии рушди устуворро ташкил медиҳанд.
Ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт масъалаҳои сифати об, истифодаи самараноки он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад.
Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидии мавзӯи об шинохта шудааст. Мо аз иқдомҳои Президенти Тоҷикистон дар самти об истиқбол мекунем. Аз ин рӯ, бояд якҷо ҷиҳати пайдо кардани ҳамоҳангии иқдомоти байналмилалӣ дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳем. Мусаллам аст, ҳадафҳо танҳо дар ҳолате амалӣ мешаванд, ки василаҳои муассир ва нақшаҳои мушаххас барои татбиқи онҳо тарҳрезӣ шуда бошанд.
Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои маҳдуди замин мебошад, истифодаи оқилона ва босамари захираҳои об ҷиҳати таҳким бахшидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бавижа коҳиши камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, инчунин, тавсеаи соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.
Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 276 ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ вуҷуд доранд, ки қаламрави 148 кишвар ва беш аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳонро фаро мегиранд. Роҳандозии ҳамкории босамар дар соҳаи об омили такондиҳандаи таъмини рушди кишварҳои ин ҳавзаҳо шуда метавонад.
Ҳанӯз тақрибан 800 млн. нафар дар ҷаҳон бо оби тозаи нӯшидани ва 2,5 миллиард нафар бо шароити кофии беҳдошт таъмин нестанд. Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна бо андозаи беш аз 60 миллиард доллари ИМА хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба зиндагонии зиёда аз як миллиарду 200 миллион одам таҳдид мекунад. Тағйири глобалии иқлим ва вазъи демографии аҳолии ҷаҳон ба ин равандҳо, бешубҳа, таъсири зиёд мерасонанд. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил хоҳад дод, ки ин  ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50%- и аҳолии замин бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Барои ҳалли ин мушкилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ даъват намудааст.
Қутбиддин ОЛИМОВ, коршиноси соҳаи об


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 1942

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед